Рафъи буи бади даҳон дар рӯзадорон
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i18316-Рафъи_буи_бади_даҳон_дар_рӯзадорон
Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, ин мушкил барои баъзеҳо фақат дар моҳи Рамазон падид намеояд ; яъне дар бархе ашхос буйи нохушоянди даҳон дар моҳҳои дигари сол низ вуҷуд дорад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 07, 2017 12:25 Asia/Dushanbe
  • Рафъи буи бади даҳон дар рӯзадорон

Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, ин мушкил барои баъзеҳо фақат дар моҳи Рамазон падид намеояд ; яъне дар бархе ашхос буйи нохушоянди даҳон дар моҳҳои дигари сол низ вуҷуд дорад.

Бемориҳои  ҳозимаӣ  монанди  захмҳои  меъда, ки  метавонад сабаби хуруҷи  буйи  номатлуб аз даҳон шавад. Дар ин ҳолат ин буй бо таъини  доруҳои  хоссе аз  сӯи пизишк контрол мешавад.

Гоҳе буйи бади даҳон ба далели зиёдаравӣ дар хурдани  ғизоҳо  ё пурхурӣ  аст; он ҳам  ғизоҳое, ки  таркиботи ноҳамгуне бо ҳам доранд.

Яке дигар аз иллатҳои буйи бади даҳон   истифода накардан аз мисвоку нахи дандон аст.

Буйе, ки  дар моҳи мубораки Рамазон аз даҳон хориҷ мешавад ба далели  нахурдани ғизо аст. Ҳангоми  нахурдани ғизо  бадан барои тавлиди  энергия ба захираҳои  чарбӣ(равған) руй меоварад ва тайи сухтани  чарбиҳо дар ҷигар  катонҳо тавлид    мешаванд, ки боиси  эҷоди ин  буй  мешаванд.

Дар рӯзҳои  аввали моҳи мубораки  Рамазон ба далели ин ки ҷигар  омодагии кофиро барои сузондани  миқдори  зиёди чарбӣ  надорад ин бу бештар аст, аммо ба  тадриҷ, ки тавоноии ҷигар  барои  ин кор бештар мешавад миқдори катони тавлидшуда  кам мешавад.

Он чи  бояд ба он таваҷҷуҳ дошт ин аст, ки ин бу табиӣ аст ва ниёз ба роҳу равиши хоссе барои дармон надорад. Фақат метавон бо анҷоми  корҳое, ки  дар зайл ба он ишора мешавад аз мизони он кам кард: Метавон бо хурдани  ғизоҳои  сард, наъно(ҳулбу ё пудина) ва бархе сабзиҷоти хушки дигар ин буйро мувақатӣ аз байн бурд.