Чанд роҳкори содда барои рӯзадорӣ дар фасли гармо
(last modified 2017-06-08T06:51:46+00:00 )
Июн 08, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Чанд роҳкори содда  барои рӯзадорӣ дар фасли гармо

Риояти роҳкорҳои содаи тағзияӣ дар ифтор ва саҳар метавонад рӯзадоронро ба манзури дарёфти манофеи баданӣ ва тасҳил баҳрамандӣ аз мазоёи рӯҳонии ин моҳи муборак ёрӣ кунад.

Акнӯн чанд роҳкори содаро бароятон ироа мекунем.

1-    Барои ин ки баъд аз хӯрдани ифтор ва саҳарӣ дучори сӯзаши меъд ва турш кардан нашавед беҳтар аст аз ғизоҳои сабук ва камчарб истифода кунед. Дар зимн моиотро пас аз итмоми ғизо бихӯред ва билофосила баъд аз хӯрдани саҳарӣ ба рахтихоб наравед.

2-    Беҳтар аст, ифтори худро бо як стакан оби нимгарм ё як пиёла шир ва асал боз кунед ва аз хӯрдани ғизо ва шириниҷоти фаровон ҳангоми ифтор бипарҳезед, то дучори сангинӣ ва мушкилоти меъда нашавед.

3-     Кушиш кунед ваъдаҳои ғизоӣ монанд палов ва хӯришотро ду соат баъд аз ифтор майл кунед, то ҳазми он осон бошад.

4-    Барои ҷилавгирӣ аз бурӯзи юбусат ва мушкилоти рӯда, баъд аз хӯрдани ифтор олӯ ва анҷири таршуда ва меваҳои ҳамчуни нок, шафтолӯ ва тарбуз майл кунед.

5-    Варзиши сабук ва пиёдаравӣ баъд аз ифтор ба ҳазми ғизо ва  ҷилавгирӣ аз юбусат кумаки зиёде мекунад.

6-    Ваъдаи саҳариро ба ҳеч унвон ҳазф накунед, зеро идома додан ба ин ривол дар тӯли моҳи Рамазон сабаби уфти баданӣ ва таҳлили азулонӣ хоҳад шуд.

7-    Нон ва панири камнамак бо сабзӣ ё гирдӯ бо як пиёла шир аз беҳтарин хӯрданиҳо барои саҳари маҳсӯб мешавад, зеро илова бар ҳаҷми сабук дорои қуввати бисёр аст.

8-    Барои ин ки дар тӯли рӯз камтар ташна шавед беҳтар аст, илова бар хӯрдани оби фаровон дар фосилаи ифтор то саҳар, аз нон ва ғаллот ва макаронҳои сабусдор дар ваъдаи ифтор ва саҳар истифода кунед. Ин мавод сабаб мешавад гулокожени бадан дар ҳади  нормол ҳифз шуда ва фард камтар дучори ташнагӣ шавад.

 

Барчасп