Асари рӯзадорӣ ба диабет ва чарбии хун
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i18374-Асари_рӯзадорӣ_ба_диабет_ва_чарбии_хун
Рӯзадорӣ метавонад ба бемориҳои фарбеҳӣ, қанд, афзоиши чарбии хун ва бисёре аз дигар маризиҳо асари судманд дошта бошад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 08, 2017 11:58 Asia/Dushanbe
  • Асари рӯзадорӣ ба диабет ва чарбии хун

Рӯзадорӣ метавонад ба бемориҳои фарбеҳӣ, қанд, афзоиши чарбии хун ва бисёре аз дигар маризиҳо асари судманд дошта бошад.

Устоди тағзияи Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон гуфт, рӯзадорӣ метавонад ба бемориҳои фарбеҳӣ, қанд, афзоиши чарбии хун ва бисёре аз дигар маризиҳо асари судманд дошта бошад.

Ба гузориши ИРНА, доктор Фарзоди Шедфар гуфтааст, дар фосилаи байни ифтор ва саҳархӯрӣ аз пурхӯрӣ ва масрафи зиёди ғизоҳои ширин ва рӯғанӣ бояд парҳез кард, аммо таносуб ва таодули ғизоӣ бояд ҳифз  шавад.

Беҳтар аст, ифторро бо чойи камранги гарм ва як адад хурмо шурӯъ кард. Маҳсулоти ширие монанди панир, чормағз аз маводи ғизоии идомадиҳандаи ифтор бошад ва сипас бо фосилаи замонии дигаре аз ғизоҳои аслии дигар истифода шавад. Дар воқеъ, ҳаҷми ғизои ифтор бояд кам бошад, то баъд аз муддате аз хӯроки шом истифода кардан имконпазир гардад.

Мева ва кабӯдӣ, мисли коҳу низ дар фосилаи байни ифтор то саҳар истифода ва аз масрафи зулбиё, бомия ва соири шириниҳо ё ғизоҳо, ҳалими дорои равғани зиёд бояд худдорӣ шавад. Дар сурати истифода аз оши бурида беҳтар аст, мизони донагиҳои он зиёд набошад. Хӯрдани каллаву поча ва шикамба тавсия намешавад, чун равғаннокии онҳо зиёд аст ва мӯҷиби ташнагӣ низ мешаванд. Ҳамчунин дар ҳангоми ифтор ё саҳар аз масрафи ғизоҳои хеле доғ, шӯр ё  ширин худдорӣ шавад.

Аз донагиҳо ( чормағз, писта ё бодом) ба сурати хом, яъне бирённашудаи чунин як донагиҳоро дар ҳадди мантиқӣ метавон масраф кард. Масрафи чойи зиёд дар вақти саҳархӯрӣ тавсия намешавад, чун дафъи пешобро зиёд мекунад, бинобар ин беҳтар аст, масрафи чой аз ифтор то саҳархӯрӣ сурат бигирад. Масрафи кабӯдӣ ва нӯшидани моеоти кофӣ дар байни ифтор то саҳар метавонад дар бартараф кардани ҳисси ташнагӣ дар соатҳои рӯзадорӣ бисёр таъсир дошта бошад. Хӯрдани хӯроки хеле ширин дар вақти саҳархӯрӣ тавсия намешавад, вале хӯрдани мева муносиб аст, аз байни нӯшиданиҳо дуғи хонагӣ тавсия мешавад, аммо чун дуғи хонагӣ намак дорад, бояд истифодаи он маҳдуд шавад. Ҳамчунин афшӯраи меваи хонагӣ низ муносиб аст.

Саҳарӣ аз пурхӯрӣ ва саросемахӯрӣ бояд худдорӣ шавад ва ҳамчунин дар ифтор набояд бо ғизоҳо ё хӯришҳои равғаннок ифтор кард. Беҳтар аст, ба ҷойи қанду шакар аз хурмо истифода шавад.