Рӯзадорӣ ва варзиш
Мумкин аст, бархе варзишкорон ба тасаввури ин ки идомаи тамриноти варзишӣ ҳини рӯзадорӣ имконпазир нест, барномаҳои варзишии худро дар моҳи Рамазон канор бигузоранд, аммо Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон эълом кард, коҳиш ё қатъи ин тамринот мунҷар ба бурузи мушкилоте барои варзишкорон хоҳад шуд.
Ба гузориши ИРНА, бархе аз варзишкорон дар моҳи мубораки Рамазон тарҷеҳ медиҳанд, мизони тамриноти худро коҳиш диҳанд. Ин дар ҳоле аст, ки қатъи варзиш ё коҳиши мизони он сабаби коҳиши бофти мӯшакҳои бадан, рагҳои хунгарди мӯшакҳои скелетӣ ва кислородрасонӣ ба мӯшакҳо мешавад.
Бофти гӯшти мӯшакҳо, сатҳи хунрасонӣ ва кислородарасонии варзишкорони ҳирфаӣ дар сатҳи баланд қарор дорад ва таркиби бадану вокунишҳои анҷомшуда дар он тавре созгор ёфтааст, ки бадани онон зарфияти сӯхти ҳавозӣ (аэробный)-и болтар дорад. Ҳангоми анҷоми фаъолият бадани афроди варзишкор роҳаттар аз соири афрод захоири чарбии худро озод карда ва тавлиди энержӣ мекунад. Бо қатъи варзиш ё коҳиши он созгориҳои дар бадани варзишкорон ба вуҷудомада коҳиш меёбад. Бинобар ин коҳиши шиддати варзиш дар моҳи Рамазон бо коҳиши тавони варзишӣ ҳамроҳ аст ва тавсия мешавад, афрод фаъолияти физикии худро дар моҳи Рамазон ҳифз кунанд.