Асароти рузадорӣ бар системаи қалбӣ
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i18662-Асароти_рузадорӣ_бар_системаи_қалбӣ
Рузадорӣ на танҳо шиддати бемориҳои қалбиро афзоиш намедиҳад, балкӣ дар сӯрате, ки фард режими ғизои солимеро дар моҳи Рамазон риоят кунад, метавонад мӯҷиби беҳбудӣ ва иртиқои саломатии ин беморон низ шавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 14, 2017 11:17 Asia/Dushanbe
  • Асароти рузадорӣ бар системаи қалбӣ

Рузадорӣ на танҳо шиддати бемориҳои қалбиро афзоиш намедиҳад, балкӣ дар сӯрате, ки фард режими ғизои солимеро дар моҳи Рамазон риоят кунад, метавонад мӯҷиби беҳбудӣ ва иртиқои саломатии ин беморон низ шавад.

Ба гузориши ИРНА, рузадорӣ аз тариқи коҳиши фишори хӯн ва беҳбуди тапиши қалб, хатари бемориҳои қалбро коҳиш медиҳад.

Маъмулан мамнуияте барои рузадории афроди мубтало ба бемориҳои даричаи қалбӣ ва ё урӯқи қалбии таҳти кантрол вуҷӯд надорад. Ҳамчунин, бо риояти режими ғизоии муносиб дар моҳи Рамазон, коҳиши андаке дар вазн ва идомаи фаъолияти баданӣ ва ё варзиш метавон илова бар асароти маънавии ин моҳи муборак, аз фавойиди ҷисмонии он низ баҳраманд шуд.

Рузадории моҳи Рамазон дар афроди мубтало ба бемориҳои қалбии урӯқӣ, ихтилоли амалкарди даричаӣ ва норасоии қалбӣ, ки дар вазъияти тасбитшудае ҳастанд, асароти сӯъе надорад ва аксарияти ин беморон метавонанд бидуни ҳечгӯна аворизе руза бигиранд.

Албатта ин беморон бояд бо машварати пизишки худ наҳваи масрафи доруҳои худро дар тӯли моҳи Рамазон танзимкунанд ва аз шароите, ки бадан дучори камобӣ мешавад, мисли об ва ҳавои гарм парҳез кунанд .