Июн 19, 2017 14:16 Asia/Dushanbe
  • Равиши дармони буйи бади арақи бадан

Ҳарчанд арақ кардан дар воқеъ буе надорад, аммо мумкин аст арақ дар тамос бо бактерияҳои руи пуст буйи нохушоянде эҷод кунад.

Инсонҳо ба далелҳои гуногун ҳамчун қарор гирифтани тулонӣ дар  баробари   офтоб, варзиш кардан,  дучори изтироб  шудан ва ғайра  арақ мекунанд ва ин   натанҳо ҳолати  бад нест, балки  ба унвони  нишонае аз саломатӣ  ба  ҳисоб меояд, аммо агар мехоҳед  бидонед чи тавр бояд буйи  бади бархоста аз арақ карданро рафъ  кард, ин матлабро бихонед.

Бадан ду навъ арақи  "апакрийн" ва "акрийн" тарашшуҳ( хориҷ) мекунад. Арақи  акрийн барои пойин овардани дараҷаи  ҳарорати  бадан масалан ҳангоми  варзиш  ё замоне, ки ҳаво хеле гарм аст, корбурд дорад. Ин навъ арақ дар ҳамаи қисматҳои  бадан ба таври  якнавохт тарашшуҳ мешавад ва бебу аст .  

Яке аз далелҳои асосӣ дар пайдоиши  буйи бади арақ ин аст, ки ба мизони  кофӣ ҳамом намекунем. Албатта фақат шустушуи бадан кофӣ нест, покӣ ва назофати либосҳо низ дар ин  масъала  таъсиргузор аст.

 Арақ кардан:

Бадани бархе ашхос буйи тундтаре дорад ва далели он метавонад  стресс  ё  фаъолияти  ҷисмонии беш аз андоза бошад.( ин  рӯзҳо стресс омили  ройиҷтаре аст.)

 Талабот ва интизороти боло, барномаҳои фишурдаи корӣ ва монанди инҳо  изтиробе беш аз  ҳадди табиъӣ бар бадан ворид мекунанд, ки  боиси  арақ кардани  бештар мешавад.

Арақи кудакон маъмулан  буйи  бад намегирад ;ба ин иллат, ки  "апакрийн" тарашшуҳ намекунанд, аз ин рӯ  бактерияҳо наметавонанд бо чизе омехтагӣ  дошта бошанд. Бо боло рафтани  мизони тестостерини бадан дар даврони булуғ "апакрийн" низ тарашшуҳ мешавад.

Тағзия:

Хурдани бахзе аз ғизоҳо низ метавонад бар буйи бадан таъсиргузор бошад; ғизоҳои  тунд ва талх бо буйи  зиёд ва  таъсиркунанда  маъмулан таъсири манфӣ бар буйи  бадан дорад. Сир(чеснок), зира ва корӣ намунаҳое аз  ин ғизоҳо  ҳастанд. Камбуди  оҳан  низ метавонад дар ин замина  таъсиргузор  бошад.

Тағзияи муносиб:

 Кам кардани масрафи кофеин аз барномаи ғизоии рӯзона бисёр муфид хоҳад буд. Қаҳва, нушоба, шоколад ва дигар маводи ғизоии кофеиндор бо таҳаруки  ғуддаи  тарашшуҳкунанди "апакрийн" дар эҷоди  буйи бадан таъсир доранд. Нушидани мизони кофии об ва  мойеъот  ғуддаҳои  тарашшуҳкунандаи "апакрийн" -ро фаъъол месозад, ки  боиси  тунуктар шудани "апакрийн"  мешавад.

Ҳаммоми бештар:

 Ҳаммом кардан ва шустушуи саривақтии  либосҳо метавонад барои аз байн бурдани буи бади бадан таъсиргузор  бошад.

Истифода аз  дезодорантҳо ва зиддиарақҳои  стандарт  метавонад ҳадақал 20 дарсад аз мизони арақи  як қисмат аз баданро бикоҳад. Ба таври  куллӣ ҳадаф аз корбурди  маводди зиддиарақ ва буйбар афзоиши беҳдошти  шахсӣ  аст.

Барчасп