Саломати равони ашхоси қарздор дар хатар аст
Мутолиоти ахири муҳақиқони донишгоҳи Соутҳамптони Англия нишон медиҳад, ки эҳтимоли бурузи бемориҳои руҳӣ- равонӣ дар ашхосе, ки қарз доранд се баробар ашхоси оддист.
Ба гузориши гуруҳи ахбори илмии ИРНА аз пойгоҳи Райтер, дар ин таҳқиқот ҳудуди 34 ҳазор нафар дар саросари дунё мавриди баррасии систематӣ қарор гирифтаанд ва натиҷаҳои ин таҳқиқот нишон медиҳад, ки байни носаломатӣ ва қарз робитаи мустақим барқарор аст.
Беҳдошти равонии ашхосе, ки қарздор ҳастанд дар маърази хатар қарор дорад ва мушкилоти равонии онҳо танҳо бархоста аз вазъияти иқтисодияшон аст.
Тамоми ин ашхос ба навъе афсурдагӣ ва равонпарешӣ дучоранд ва ағлаб ба маводи мухаддир руй меоваранд.
Дар ин баррасиҳо вазъияти иқтисодии ашхосе, ки худкушӣ кардаанд низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта ва натиҷаҳо аз он ҳикоят мекунад, ки аксари ин ашхос аз мушкилоти иқтисодӣ ранҷ мебурданд.
Стресси бархоста аз бепулӣ ба бемории ин ашхос доман мезанад.
Муҳақиқон бар ин боваранд, ки аввалин қадам дар дармони бемориҳои равонӣ ҳалли масоили иқтисодӣ аст.
Натиҷаҳои комили ин таҳқиқот дар шумораи ахири нашрияи онлайни Clinical Psychology ба чоп расидааст.