Хурмо меваи пешгирикунанда аз саратон
Хурмо саршор аз фибр аст ва руған, калсий ,гугирд, оҳан ,калий ,фосфор, магний, мис ва марганес дар он фаровон ёфт мешавад. Ба илова хурмо саршор аз ветаминҳо ва маводи менералии мухталиф аст.
Таҳқиқот дар бораи хурмо нишон дода, ки ин мева метавонад пешгирии бисёре аз саратонҳо монанди саратони рудаи калон, меъда ва ғайраро дар пай дошта бошад.Яке аз хосиятҳои хурмо мулоимкунанда будани он аст.
Хосияти дигари хурмо беасар кардани кислотаи изофии меъда аст.
Хурморо ба унвони мева низ метавонед масраф кунед . Ҳамчунин ҳатман барои хоби роҳат ва оромиши бештар хуроки шоми худро дар ҳудуди 7 соъат баъд аз зуҳр хурда ва қабл аз хоб як адад хурмо ва як стакан шири гарм истеъмол кунед.
Хурмо барои афроди солманд ва бачаҳо бисёр муфид аст.Саъй кунед ба ҷои қанд ва шакар аз хурмо барои нушидани чой истифода кунед ва ё дар ғизо аз он истифодаи бештаре бибаред. Варзишкорон ба иллати фаъолият зиёд ба таври ҳатмӣ бояд аз асронаи қавӣ , ки бо хурмо бошад истифода кунанд.
Сад гармм хурмои тоза дорои 163 килокалория, 0.9 грамм протеин 0.3 грамм равған , 38 грамм глосид , 30 милиграмм фосфор ,1.3 милиграмм оҳан , 51 милиграмм калсий ва 10 милиграмм ветамин аст.