Оё шумо дуруст варзиш мекунед ?
(last modified Sat, 08 Jul 2017 04:17:15 GMT )
Июл 08, 2017 09:17 Asia/Dushanbe
  • Оё шумо дуруст варзиш мекунед ?

Имруза варзиш кардан ҳам дорои усул ва қоъидавӣ аст.

Касе ки аз варзиш ба унвони дармон ва ё тақвият истифода мекунад бояд тамоми иттилоъоти илмӣ ва заминаҳои  физиологӣ  ва анатомиро дар мавриди варзишҳо бидонад. Ноогоҳ будани  мурабии варзишӣ аз шеваи  анҷоми дурусти варзишҳо мушкилоти зиёд ва гоҳе ҷуброннопазире барои афрод ба дунбол дорад.

Биёре аз варзишҳо ба унвони варзишҳои мамнуъа барои син ва ё афроди бо бемориҳои хос арзёбӣ  мешавад ва дар афрод мушкилоте эҷод мекунад. Ба ҳамин далел мураббиҳое ки дар бошгоҳҳои  бадансозӣ  дар ҳоли  таълим ҳастанд бояд бо ҳамаи ин мавридҳо ошно бошанд.

Барои афроди мухталиф  варзишҳои  мутафовит муносиб аст. Афроде  бо бемориҳои заминаи   мисли мушкилоти қалбӣ, гармонӣ ва диабет бо диққати бештаре варзиш кунанд зеро таваҷҷуҳ накардан  ба замони варзиш, муддати  варзиш ва навъи варзиш имкони шиддатёбии  бемориҳоро афзоиш  медиҳад. Дар натиҷа агар мураббӣ аз ин мавридҳо огоҳӣ  надошта бошад метавонад хатароти физиологӣ  ва анатомӣ ба фард ворид кунад.

Варзиши нодуруст осебҳои тандемӣ, скилетӣ ва мушакӣ низ барои варзишкор эҷод мекунад ва ин мушкилот  барои афроде, ки собиқаи  варзиш надоштаанд бештар аст зеро мумкин аст фишори  зиёде ба пайвандҳо ворид шавад. Як мутахассиси тибби физикӣ гуфт: Роҳҳои нодурусти  варзиш кардан дар  кудакон ва ё  солмандоне,  ки дучори  нармӣ ва ё пукии устухон ҳастанд таъсироти ҷуброннопазиреро эҷод хоҳад кард.

Вай таъкид кард: Варзиши нодуруст бештар бар руи сутунмуҳраҳо,  гардан ва буғумҳо таъсир дорад. Ба таври мисол дар кӯдакон каҷии сутунмуҳраро бештар мекунад,  боъиси порагиҳо ва кашидагиҳо дар тандум ва осеб ба рагҳо дар гардан ва камар мешавад ва дар афроди мубтало ба пукии устухон шикастагиҳоро ба дунбол дорад.