Артроз чист?
Артроз ё остеоартрит густаришёфтатарин бемор аз ҷумлаи бемории илтиҳоби буғумҳо аст.
Дар ин беморӣ ғузруфи буғум садама дида ва кам кам аз байн меравад. Артроз мумкин аст ҳар буғумеро даргир кунад, аммо буғумҳои бузурге ки вазни бадан бар руи онҳо бор аст, мисли зону , рон ва сутунмуҳра бештар дар маърази дучор шудан ба ин беморӣ ҳастанд.
Артроз аломатҳои зиёде дорад вале 3 аломати он маълуму мушаххас ҳастанд.
Якумин аломат хушкии пас аз истироҳат аст,ба ин маънӣ гоҳе вақтҳо буғум ба муддати тулонӣ беҳаракат монда бошад ва бихоҳад фаъолият кунад дард хоҳад дошт. Шояд дида бошед беморони гирифтор ба артрози зону субҳ,ки аз хоб бедор мешаванд ба мушкилӣ роҳ мераван,д аммо баъд аз муддате кам-кам роҳ рафтанашон ба ҳолати оддӣ боз мегарданд. Хушкии буғумҳо баъд аз як давраи тулонии фаъолият накардан бисёр мушоҳида мешавад,вале хеле кам мешавад,ки бештар аз ним соъат тӯл кашад.
Дуввумин аломаташ гирифтагӣ аст. Ба ҳамин далел беморони мубтало ба артроз наметавонанд ба роҳатӣ зонуҳои худро хаму рост кананд ва барои аломати баъдӣ ҳам метавон ба дард дар буғумҳо ишора кард. Тавсиа мешавад касоне ки бештар аз ду ҳафта чунин аломатҳоро дар буғумҳои худ доранд ҳатман ба пизишк муроҷиъат кунанд.
Дар мавридҳои бисёр шадиди артроз ҷарроҳии иваз кардани буғумҳо тавсия мешавад, аммо қабл аз ҷарроҳӣ маъмулан равишҳои мухталифе пешниҳод мешавад, ки то ҳадди имкон кор ба ҷарроҳӣ хатм нашавад, ки яке аз онҳо истироҳат додан ба буғумҳои дарднок аст.
Бемор бояд дар ҳар соъат камаш даҳ дақиқа ба буғумҳои худ истироҳат диҳад ва саъй кунад то ҳадди имкон фаъолиятҳои бадании худро тавре танзим кунад, ки буғумҳои дардманд камтар фаъол бошанд.
Равиши дигар варзиш кардан аст ки бояд ҳатман бо назорат ва иҷозаи пизишк анҷом шавад, то мушкили буғумҳоро шиддат набахшад накунад ё боиси бурузи дарди нав нашавад.
Варзишҳои сабук ва нишотовар мисли пиёдарави ва шино бештар тавсиа мешаванд.Бо варзиш кардан мушакҳои атрофи буғумҳо тақвият шуда ва суботи буғумҳо афзоиш пайдо мекунад. Албатта варзиш кардан набояд боиси бурузи дард дар буғумҳо шавад ва агар чунин иттифоқе рух дод фавран варзишро мутаваққиф кунед.Дар афроде ки фарбеҳ ҳастанд кам кардани вазн бояд ҳатман мадди назар қарор гирад. Албата режим гирифтан ва варзиш кардан барои коҳиши вазн бояд таҳти назари пизишк анҷом шавад.Барои коҳиши дарди бархоста аз артроз ҳам метавон аз ях истифода кард. Дар бештари мавридҳо пизишк барои бемор доруи зидди дард ва зидди илтиҳоб таъин мекунад,ки дар коҳиши дарди буғумҳо таъсиргузор аст.