Мушкилоти молӣ тавоноии шинохтии мағзро коҳиш медиҳад
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i19814-Мушкилоти_молӣ_тавоноии_шинохтии_мағзро_коҳиш_медиҳад
Муҳаққиқони донишгоҳи Гарвард ба тозагӣ дарёфтаанд, ки ташвишҳои молӣ ва фақр, тавоноиҳои шинохти мағзиро ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш медиҳад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 10, 2017 10:18 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти молӣ тавоноии шинохтии мағзро коҳиш медиҳад

Муҳаққиқони донишгоҳи Гарвард ба тозагӣ дарёфтаанд, ки ташвишҳои молӣ ва фақр, тавоноиҳои шинохти мағзиро ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш медиҳад.

Ба гузориши  гуруҳи  хабарии илми ИРНА аз пойгоҳи Гардиян, тавоноии шинохтӣ ба маҷмуъаи  аз фаъолиятҳои зеҳнӣ аз ҷумла тавачҷуҳ,  ҳофиза, ёдгирӣ, мантиқ, тавоноии ҳалли масъала, тасмимгирӣ  ва ёдгирии забон гуфта мешавад.

Таҳқиқот нишон  медиҳад, ки гирифториҳои молӣ ва бепулӣ, тавоноии шинохти мағзро коҳиш  медиҳад. Афроде ки мушкили молӣ доранд  мудом дар ҳоли  ҳисобу китоби молӣ ҳастанд ва дар тамоми тули рӯз нигарони пардохти суртҳисобҳо(фоктурҳо), қабзҳо(квитансияҳо) ва дигар ҳароҷотҳо ҳастанд. Ин амр боис мешавад ки қисми аъзами энержии ин афрод сарфи ёфтани роҳе барои гузарондани зиндагӣ шавад ва ба масоили печидатаре аз ҷумла омузишу   парвариш    камтар бипардозанд.

Дар идомаи  ин таҳқиқот омада аст ки машғалаи зеҳнии муртабит бо масоили молӣ, ба таври миёна  ҳудуди 13 дарсад тавоноии   зеҳнро коҳиш  медиҳад.

Афроде  ки мушкилоти молӣ доранд камтар  мехобанд ва маъмулан дар тамоми муддати хоб ошуфта ҳастанд. Ҳамин амр ва диққат надоштани  онҳо боъис мешавад,ки  ҳар рӯз тасмимҳои иштибоҳии  бештаре мегиранд ва бештар гирифтори тасмимҳои иштибоҳи  худ  шаванд.

Яке аз иқтисоддони донишгоҳи Гарвард дар иртибот бо ин таҳқиқот гуфта аст ки ҳангоми мушкилоти молӣ  нигарони камбуди  пул набошед;   коҳиши рӯз ба рӯзи тавоноиҳои шинохти нигаронии муҳимтаре аст.

Муҳаққиқон  таъкид  мекунанд ки фақир будани фард ба ҳеч унвон нишонаи кундзеҳнии вай нест, балки қарор гирифтан дар шароити маҳдуди молӣ тавоноии зеҳнии фардро таҳти таъсир  қарор  медиҳад ва вайро фарди нотавон ҷилва  медиҳад.

Дар ин озмоишҳо гуруҳе аз кишоварзон низ мавриди баррасӣ ва мутолиъа қарор гирифтаанд. Замоне ки  кишоварзон мушкили молӣ надоштанд  мизони маҳсулоти онҳо се баробар бештар аз замоне буд ки ин кишоварзон диргири мушкилоти молӣ буданд. Шеваи тафаккур ва коҳиши фаъолитҳои баданӣ  сарчашмагирифта  аз ҳолатҳои  руҳии  кишоварзон  муҳимтарин далили ин мавзуъ гузориш шуда аст.