Озон чист ?
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i19816-Озон_чист
Донишмандон фазоҳои атрофи заминро ба чаҳор қисм тақсим мекунанд :
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 10, 2017 10:28 Asia/Dushanbe
  • Озон чист ?

Донишмандон фазоҳои атрофи заминро ба чаҳор қисм тақсим мекунанд :

1)Тропосфера, ки нисбат ба сатҳи дарё 12 то 15  километро баландӣ  дорад

 2)Стратосфера

 3) Мезосфера

4)Тромосфера

 Молекулаҳои озон аз як молекулаи  оксиген ва як атоми оксиген ки нопойдор ва тағйирпазир мебошад ташкил шуда аст . Пайванди миёни молекулаҳои  оксиген ва  атоми оксиген дар молекулаҳои озон бисёр заъиф мебошанд ва мумкин аст бо хурдтарин бархурд аз ҳам ҷудо ва ё бо дарёфти хурдтарин энергия ба ҳолати  аввалияи худ баргарданд . Озон  дар қабати  стратосфераи  замин қарор дорад. Дар шабҳо ба далели  набуди    энергияи тобиши хуршед ғафсии  қабати озон камтар аз ғафсии он дар рӯзҳо мебошад. Ҳангоме ки партавҳо ё нурҳои  ултрабунафш ба молекулаҳои озон бархурд мекунанд  партавҳои ултрабунафш миқдори зиёде аз энергияи худро аз даст  медиҳанд ва ба партавҳои  инфрасурх табдил мешаванд  ва ҳамчунин бар асари  ин бархурд   молекулаҳои озон ба  молекулаҳои  оксиген ва атоми оксиген табдил мешаванд ва бо тобиши  дубораи  нури  хуршед  молекулаҳои озон дубора падидор мешаванд. Молекулаҳои озон ҳарчанд ки барои мо муфиданд, аммо вуҷуди онҳо дар  қабати  тропосфера (қабате ки мо дар он зиндаги мекунем) бисёр хатарнок мебошанд. Нетрогенҳои проксиди  хориҷшуда аз дудбарои   мошин  бар асари  тобиши нури хуршед (амали фотокимиёӣ) бо молекулаҳои  оксиген вокуниш  медиҳанд ва молекулаҳои  озонро падидор мекунанд. Чун дар  молекулаҳои  озон атомҳои  оксигени фаъол  (радикал ) вуҷуд  доранд ва  нафаскашӣ аз  он муҷиби осеб дидани    узвҳои нафаскашӣ  мешавад.

Сурохии  озон

То соли 1980  аз сурохии  қабати озон хабаре набуд.Аммо дар соли 1985  донишмандон аз тунук  шудани қабати озон дар қутби ҷануб хабар доданд. Дар он замон бо таҳқиқоти анҷомшуда иллати нобудии  молекулаҳои  озонро газҳои cfc (хлор,фтор ва карбон ) медонистанд. Газҳои cfc ба унвонаи газҳои  хунук  дар пиряхҳо  ва конденсионерҳо  ва ҳамчунин дар маводи пласмассӣ мавриди истифода қарор  мегиранд . Дар cfc- ҳо  атомҳои  хлор нопойдор  ва вокунишпазир мебошанд ва ҳангоме ки газҳои cfc ба қабатҳои  боло мераванд  дар қабатҳои боло бар асари бархурд бо нури хуршед  газҳои  хлор  озод мешаванд. Атомҳои   хлор  дар қабати  стратосфера  бо молекулаҳои  озон вокуниш  медиҳанд. Ҳар атоми хлор ба танҳоӣ  метавонад 100.000 молекулаи  озонро аз байн бибарад . Ба ҳамин далел дар густараи  ҷаҳонӣ  дар Созмони Миллали Муттаҳид  дар муъоҳидаи  ба номи  муъоҳидаи Монреал   кишварҳо  мутаъҳид шуданд, ки аз тавлид ва фуруши газҳои cfc худдорӣ  кунанд  ва ҳамчунин ба кишварҳои  фақир ин имконро бидиҳанд ки ба ҷои истифода аз газҳои cfc , аз газҳои  хунуккунандаи  дигар истифода  кунанд. Мо  медонем ки бештари  кишварҳои саноъатӣ  дар нимкураи шимолӣ  қарор доранд , пас чаро дар қутби ҷануб қабати озон сурох шуда аст ? Барои посух ба ин савол  пажуҳишҳои зиёде анҷом шуда аст, ки баъзе аз ин пажуҳишҳо то кунун дар дасти таҳқиқ аст . Ахиран донишмандон иллати эҷоди сурохи  дар қабати  озонро гирдобҳои сангине, ки дар қутби  ҷануб ҷараён доранд медонанд. Дар зимистон дар тули шабҳои қутбӣ  нури хуршед дар тамоми сатҳҳои  қутби ҷануб дар дастрас нест.Ба ҳамин далел дар ин қутб дар қабати  стратосфера  туфонҳои сангин густариш меёбанд, ки ба онҳо ''гирдоби қутбӣ '(polar vortex) мегуянд. Гирдоби қутбӣ метавонад зарроти созандаи ҳаворо тақсим  кунад. Ин гирдобҳо боъиси эҷоди абрҳои сарде мешаванд, ки бар фарози қутби ҷануб ҷараён меёбад,ки  ба ин абрҳо  абри  стратосфераи қутбӣ  (polar stratosphere cloud) мегуянт. Ихтисори он psc аст. Psc-ҳо бисёр сард ҳастанд ва даманаи онҳо ҳудуди 80- селсий  аст. Psc аз кислотаи азотии   тригидрата  (nitric acid trihydrate) ташкил шуда аст ва бо абрҳое, ки мо онҳоро дар осмон мебинем   комилан  тафовут доранд. Пас ин абрҳои  кислотаӣ  метавонанд қабати озонро  вайрон  кунанд.