Бо гуш кардани ба садоҳои баландшиддат гирифтори бемориҳои қалбӣ мешавед
Баррасиҳо нишон медиҳанд ҳанзфери (ба русӣ "громкоговорител") ва ҳедфон (наушник), ки имрӯз ҷавонон аз онҳо истифода мекунанд барои саломатии қалб ва мағзи сар бисёр хатарноканд.
Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорон истифодаи зиёд аз садобаландкунак боъис мешавад системҳои ҳассос ба гуш ва қалб зарба бибинанд ва ин амр ба тадриҷ ба кулли бадан кашида хоҳад шуд.
Гуфтанӣ аст муҳаққиқон эълом кардаанд ки қудрати шунавоӣ ва биноии афрод танҳо ба мағз ва қалб вобаста аст ва ҳанзфери ин ҳисҳоро дар инсон камтар мекунанд то ҷое, ки гӯш додани мусиқӣ бо садои баланд бо ин василҳо ба системи қалб ва мағз осеб ворид мекунанд.
Натоиҷи мутолиъот нишон медиҳанд ихтилолоти узви шунавоӣ боъси эҷоди бемориҳои қалбӣ мешавад ва гирдиши хунро дар бадан коҳиш медиҳад ва рагҳои қалбӣ- уруқиро танг мекунад, ки дар натиҷа роҳҳои оксигенрасонӣ ба онҳо баста мешавад.