Қалби маснуӣ ҳам уфунат мекунад
(last modified Sat, 15 Jul 2017 03:57:39 GMT )
Июл 15, 2017 08:57 Asia/Dushanbe
  • Қалби маснуӣ ҳам уфунат мекунад

Бемороне ки ба норасоӣ ва тангии пешрафтаи даричаи қалб гирифтор ҳастанд имрӯза бо пешрафти илмии пизишки таҳти амали ҷароҳии дарича қарор мегиранд.

Дуктур Маҳдии Санъаткор- мутахассиси беҳушии  қалб дар гуфтугӯ  бо  бошгоҳи  хабарнигорони ҷавон бо баёни ин матлаб афзуд: Ин ивазкунии  дарича ба ду сурати  оҳанӣ  ва биологӣ  анҷом мешавад.

Доктор Санъаткор дар посух ба ин савол, ки аз кадом роҳ бештар истифода мешавад гуфт: Ин амр бастагӣ ба син ва шароити бемор дорад.Пизишкон  барои бемороне, ки солхурдатар ҳастанд аз амали даричаи оҳанӣ  бештар истифода мекунад.

Вай афзуд: Аммо барои беморони  ҷавонтар ва махсусан хонумҳои  бордор аз даричаҳои инсонӣ истифода мешавад.

Ин мутахассиси беҳушии қалб идома дод: Ин даричаҳои оҳанӣ  мушкил эҷод мекунанд ва он ин аст, ки мумкин аст боиси уфунат(чирку зардоб) шаванд ва ин уфунат дар кулли бадан паҳн  шавад ва дар ниҳоят мунҷар ба марги фарди бемор шавад.

Вай афзуд: Дар сурати ташхиси зудҳангом фард таҳти ҷарроҳӣ қарор мегирад ва бо истеъмоли  антибиотикҳо уфунатҳои мавҷуд дар бадан аз байн мераванд.

Доктор Санъаткор дар поён хотирнишон кард: Андосколар навъи дигари дармони норасоии  қалбӣ мебошад, ки дар ин сурат тайи як амали боз баъзе дастгоҳҳои мавриди ниёз  дар дохили рагҳои баста шуда  қарор дода мешавад.