Фишори зиёди хун сабаби сактаи қалбӣ мешавад
Фишори зиёди хун дар тулонимуддат ва дар сурате, ки риъоят нашавад ва таҳти дармон набошад сабаби кушодии қалб ва сактаи қалбӣ мешавад.
Лутфалии Пуркозимӣ-раиси федеросиюни пизишкӣ-варзишии Эрон дар ин бора изҳор дошт: Афроде ки фишори зиёди хун доранд бояд дар истеъмоли намак бисёр эҳтиёт кунанд ва муоиноти клиникиро ба таври мураттаб анҷом диҳанд.
Вай бо баёни инки афрод бояд аз афзоиши равғани хун низ ғофил набошанд, чаро ки ин ду дар иртиботи танготанг бо ҳам ҳастанд афзуд: Фишорҳои руҳии рӯзмара ва стресси такрорӣ метавонад яке аз иллати дигари сактаи қалбӣ бошад.
Раиси федеросиюни пизишкӣ-варзишии Эрон идома дод: Вақте ки фард ҳамеша дар маърази мушкилоти руҳӣ ,таниши асабӣ ва корӣ бошад аз тариқи тарашуҳоти бархе онҳо дар бадан фишори хунаш бесубот мешавад ва осеб дидани рагҳо рух медиҳад, ки сабаб мешавад то фард бисёр мустаъид ба сактаи қалби шавад.
Пуркозимӣ идома дод: Агар фарде ки фишори хун дорад ё сигорӣ аст стреси зиёд низ дошта бошад бисёр бештар дар маърази мушкилоти қалбӣ ва ниҳоятан сактаи қалбӣ қарор мегирад.