Карами бракколи аз дарди тағояки по пешгирӣ мекунад
Мутолиоти муҳаққиқони англисӣ нишон медиҳад, ки карами ё калами бракколи аз бурузи тағояки по ва газанд ёфтани пайванди поҳо пешгирӣ мекунад ва режими дуҳафтагии он дар дармони ин дард таъсирбахш аст.
Ба гузориши пойгоҳи Science, фермент ё сафедае дар бадан вуҷуд дорад, ки боиси газанд ёфтани тағояки поҳо мешавад ва карами бракколи монеъи таъсири вайронгаронаи ин сафедаҳо мешавад.
Дар ин озмоиш 20 довталабе, ки барои ҷарроҳии зону дар назар гирифта шуда буданд қабл аз амали ҷароҳӣ ба муддати ду ҳафта аз ин режим истифода карданд, ки дар он истеъмоли 100 гарм бракколи дар рӯз тавсиа шуда буд.
Пас аз ду ҳафта натоиҷ комилан шигифтангез буд, чаро ки дарсади қобили таваҷҷуҳе аз беморон беҳбуд ёфта буданд. Мудири ин пуружаи таҳқиқотӣ ба беморони мубтало ба зонудард ё артроз тавсия кард,ки аз режиме истифода кунанд, ки дар он миқдори зиёде аз калами бракколи гунҷонда шуда бошад ва дар сурате ,ки бо таъмини он мушкил доранд истеъмоли рузе 100 гарм низ кофи аст.
Баъзе дигар аз хосиятҳои калами бракколи иборатанд аз :
Хосияти заҳрзудоӣ аз бадан
Хосияти зидди илтиҳоб(варам ва дард)
мутаъодил кардани витамини D дар бадан
коҳиши холестрин
беҳбуди бархе бемориҳои чашмӣ ва биноӣ
тармими пусти осебдида
хосияти зидди саратон Бар асоси охирин оморгирӣ дар Англия беш аз 8.5 милион нафар дар ин кишвар ба бемории буғумдард ба вижа дар қисмати зону, даст, по, думғоза ва сутунмуҳра гирифтор ҳастанд.