Июл 26, 2017 08:37 Asia/Dushanbe
  • Навзодон калимаҳои шунидашудаи пеш аз таваллудро ба ёд меоваранд

Донишмандони Финландия ба ёфтаҳоӣ дар мавриди ёдоварии калимаҳо тавассути навзодон пас аз таваллуд ва хориҷ шудан аз раҳими модар(баччадон) даст ёфтанд.

Ба гузориши  поигоҳи фаронсавӣ Топ Санта, муҳаққиқони донишгоҳи  Хелсинки  дарёфтанд, ки навзодон  калимаҳоеро, ки дар раҳими модар мешунаванд ба ёд меоваранд.

Бо таваҷҷуҳ ба  инки дар даврони  ҷанинӣ  мағз (майнаи сар) ва пайвандҳои  асабии он барои пардозиши иттилоъот ба таври комил рушд накарда аст  ин ёфтаҳои ҷадид барои донишмандон таъаҷҷубовар ба назар мерасад.

Яке  аз муҳаққиқони ин пажуҳиш гуфт : Пеш аз ин низ нишонаҳое дар  ин бора, ки навзодон дар даврони  ҷанинӣ  метавонанд ёд бигиранд ва оҳангҳо ё баъзе  калимаҳоро ба ёд дошта бошанд вуҷуд дошт.Муҳаққиқони финландӣ  ҳофизаи  ҷанинро бо истифода аз калимаҳои та-та-та (tatata) мавриди озмоиш қарор доданд.

Ин калимаҳо дар забони финландӣ  маънои хосе надорад. Аммо ба далели сеҳиҷоӣ будан   ёдоварии он барои ҷанин мушкил ба назар мерасад.Муҳаққиқон барои ҳудуди ниме аз 33 зани бордори  ширкат кунанда  дар ин тахқиқ аз бисту нуҳумин ҳафтаи бордорӣ то   таваллуд  садои сабтшудаи ин    калимаҳоро дар дафъаҳои мухталиф такрор карданд.

Пас аз таваллуд онҳо фаолияти мағзии тамоми бачаҳоро ҳангоми шинидани ин  калимаҳо таҷзияву  тахлил ва мушоҳида  карданд кудаконе, ки дар даврони  ҷанинӣ  ин калимаҳоро шунида буданд вокуниши аниқ ба ин калимаҳои хос нишон доданд.Ба гуфтаи муҳаққиқон натоиҷи ин таҳқиқ  метавонад ҳушдоре ба волидайн бошанд. Зеро ҷанин  метавонад садоҳои  хориҷ аз раҳими  модарро  бишнавад ва онҳоро ба ёд биоварад.

Барчасп