Чаро ба ҳангоми ҳаяҷон дастатон меларзад?
(last modified Tue, 01 Aug 2017 04:55:37 GMT )
Август 01, 2017 09:55 Asia/Dushanbe
  • Чаро ба ҳангоми ҳаяҷон дастатон меларзад?

Пажуҳишгарон дарёфтаанд, ки таниш ва фишори беш аз ҳад бар мағз ба ҳангоми анҷом додани фаолиятҳои вазнин метавонад боиси ларзиши ғайрииродии даст дар ашхос шавад ва бо шиддатёбии ин ҳолат бештар мешавад.

Пажуҳишгарон ба тозагӣ иллати таниш ва беқарорие,ки  метавонад ба коҳиши  вазн мунҷар ва боиси коҳиши  вазъи   саломатӣ  шавадро кашф кардаанд.

Гуфтанист пажуҳишгарон дарёфтаанд, ки далелҳои биологӣ метавонад боъиси ҳисси бе‌қарорӣ ва танишҳои фикрӣ дар афрод шувад.Баррасиҳо нишон медиҳад  таниши фикрӣ ва бе‌қарорие, ки метавонад ба шакли ҳаракоти ғайрииродӣ ва ногаҳонӣ ангуштҳои даст ва ё ҳатто по ба вуҷуд ояд ба далели  амалкарди мағз рух медиҳанд.

Пажуҳишгарон дарёфта‌анд ки амалкарди мутафовити ду нимкураи мағзӣ  метавонад сабабгори  ин ҳолат бошад ва маъмулан ин иттифоқ дар ҳолате меафтад, ки мағз машғули  анҷоми мухосаботи печида ва афкори мухосибот ва фикрии вазнин  аст, монанди ҳангоми омода шудан барои иродаи суханронӣ ё ҳалли  масоили риёзӣ, ки метавонад ба далели даргирии зиҳнии пур  ҳаракати ғайрииродиро эҷод кунад.

Пажуҳишгарони анҷоми ин навъ ҳаракот монанди такон додани даст ва ё по ва ё ҳатто кандани муйҳоро навъе абзори пардозиш барои фард барои ҳамоҳангӣ байни  афкорҳо ва гуфторҳои  худ медонанд.Пизишкон ба афроде ки дучори ин навъ ҳаракоти ҷунбишии ғайриоддӣ ҳастанд тавсия мекунанд, то илова бар мушовира бо пизишки мутахассис саъй кунанд оромиши  худро ҳифз кунанд, зеро ин навъ ҳаракатҳо метавонад дар дарозмуддат ба саломати  равонии онҳо осеб ворид намояд ва онҳоро дучори навъе васвоси фикрӣ кунад.