Август 02, 2017 14:04 Asia/Dushanbe
  • Беҳтарин дармони дарди муҳраҳои миён

Иллати эҷоди дарди муҳраҳои миён ё радикулит (диски камар)...

Иллати эҷоди дарди муҳраҳои миён ё радикулит (диски камар):

Аз ҳудуди  15 солагӣ ба баъд сутунмуҳра  дучори  тағйироте мешавад, ки  иҷтинобнопазир ва ҳатмӣ  аст. Ин тағйирот ба коҳиши мизони оби мавҷуд дар муҳраҳои  миён ва  коҳиши  тағйирпазирии он мунҷар мешавад.

Дар сурати  ворид овардани  фишори номуносиб ба муҳраи  фарсуда  қисмати  пуштии  сутунмуҳра  дучори  фитқ ё  берунзадагӣ(дамидагӣ) мешавад ва ин берунзадагӣ  руйи мағз ё риштаҳои он фишор  ворид мекунад.

Берунзадагии   байни  муҳраҳои  миён  маъмулан бо эҳсоси дард худашро нишон медиҳад ва ин дард метавонад ба таври  ногаҳонӣ ва шадид шуруъ  бишавад ва ё дар баъзе аз мавридҳо як дардест, ки ба таври музмин ва тадриҷӣ(Хронические и прогрессивные) шиддати он афзоиш пайдо  мекунад.

Маъмулан  ин дард ҳамроҳ бо эҳсоси  хушкӣ дар қисмати миён  аст ва дар баъзе аз маворид бо кашидагии мушакҳои  атрофи миён  ҳам мумкин аст ҳамроҳ бошад.

Дар сурате, ки қисмати  байни  муҳраҳои  миён  боиси  ворид шудани фишор ва осеб ба риштаҳои асабии мағз  дар қисмати миён  бишавад ин бемори метавонад ҳамроҳ бо эҳсоси дарди  тиркашанда ба даври миён , пушти  ронҳо, пушти  соқ ва ҳатто кафи поҳо кашида  бишавад.

Ва дар баъзе аз маворид   ин дардҳо метавонанд ҳамроҳ бо эҳсоси гиз-гиз, биҳиссӣ ва хобрафтагӣ дар қисмати по бошанд ва дар мавориде,ки  осеб ба риштаҳои асабӣ  шадид бошад метавонад эҳсоси заъф ва коҳиши қудрат дар мушакҳои  поҳо ва ё эҷоди мушкил  дар роҳ рафтан ҳамроҳи ин аломатҳо  мушоҳида шавад.

Барчасп