Август 03, 2017 09:46 Asia/Dushanbe
  • Роҳҳои фаврӣ барои дармони сардард

Сардард яке аз мушкилоте аст ки ин рӯзҳо бо вуҷуди нурафканиҳои мухталиф бештар дар мардум дида мешавад.

Олудагиҳо низ заминаҳое ҳастанд то сардардҳои сахте суроғи инсонҳо омада онҳоро озор бидиҳанд. Роҳҳои бисёре  барои дармони сардард вуҷуд дорад, аммо дар ин миён роҳҳое  низ дида мешавад, ки ба суръат аммо таъсиргузор   дардисарро аз байн бибаранд:

Сармо‌дармонӣ: Як қутии нушидании сард ё як баста яхро дар қисми сардард ё пушти гардани худ қарор диҳед ва то ҳудуди  10 дақиқа дар ҳамон шароит нигаҳ доред. Сипас ҳудуди 20 дақиқа сабр кунед ва агар лозим шуд дубора ҳамон корро такрор кунед.

Сармо ва гармодармонӣ  бо ҳам: Барои мисол  сар ва гардани худро  бо як баста ях сард нигаҳ доред ва дар иваз  бақияи бадан (аз шона ба поин)- ро гарм кунед. Ин кор боис мешавад то ҳарорати бадан  дучори тағйирот  гардад, ки қобилияти аз байн бурдани сардардро хоҳад дошт.

Вурудиҳои  ҳиссиро бибандед: Аз нури шадид ва бевосита  дурӣ ҷуед. Сару садо ва соири муҳаррикотро коҳиш диҳед. Агар    мумкин  аст дар утоқи торик ва сокит истироҳат кунед. Ҳатман телефони дастӣ ва дигар васоили компютериро  хомуш намоед.

Моеъотдармонӣ: Миқдори зиёде  моеъот(нушиданиҳои гуногун)   бинушед. Ин кор аз дучор шудан ба кам‌обӣ баданатонро пешгирӣ хоҳад кард. Камобӣ мушкиле аст ки дар  рӯзҳои тобистон бисёр дида мешавад ва бояд  дар ин бора диққат кунед.

Масаждармони: Мушакҳоятонро дар қисмати  шонаи гардан ва пушти сар ба оромӣ бо ангуштҳои худ масаж(масҳ,молиш) диҳед. Сар, пешонӣ, шақиқаҳо, мушак‌ҳои руи  фуки худро ба нармӣ масаж диҳед. Пусти сарро бо як муйи нарм ба оромӣ бимолед. Ин корҳо замина‌сози  таскини дард  хоҳад буд.

Барчасп