Вақте "кислотаи меъда" бо микробҳо ҳамдаст мешавад
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i22600-Вақте_кислотаи_меъда_бо_микробҳо_ҳамдаст_мешавад
Донишмандон дарёфтаанд, ки яке аз далелҳои бурузи сурфа ва гулудард дар афрод метавонад ба иллати вуҷуди бемории зардаҷуш( баргашти кислотаи меъда ба сурхной ё сурхмеъда ва вуруди маводи дохилии меъда ба қисмати пушти гулу) бошад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 04, 2017 10:58 Asia/Dushanbe
  • Вақте

Донишмандон дарёфтаанд, ки яке аз далелҳои бурузи сурфа ва гулудард дар афрод метавонад ба иллати вуҷуди бемории зардаҷуш( баргашти кислотаи меъда ба сурхной ё сурхмеъда ва вуруди маводи дохилии меъда ба қисмати пушти гулу) бошад.

Пажуҳишгарон  дарёфтаанд ки беморони мубтало ба баргашти   кислотаи  меъда ба сурхной   маъмулан дучори мушкилоти  дучандоне  ба номи гирифтагии гулу ва ё эҳсоси ҷамъ шудани чирк  ва балғам   дар ҳалқ , гулу, бинӣ  ва синус(қисмати охири бинӣ)  мешаванд.

Гуфтанист  яке аз аввалин нишонаҳои  эҷоди бемории баргашти   кислотаи  меъда ба сурхной   тарашшуҳи наъи балғам  дар қисмати болоии роҳи нафаскашии афрод аст.Ин мавзуъ метавонад оҳиста-оҳиста  боиси эҷоди балғами  бештар , обрезӣ ва ё ҳатто  гирифтагии бинӣ    дар афрод шавад.

Пажуҳишгарон бо пайгирии решаи аслии ин мушкил  гирифтагии биниро   ба далели шабоҳати алоим   бо бемории  шамол хурдаги   бисёр сахт медонанд .

Дар  бемории баргашти   кислотаи  меъда ба сурхной   кислотаи  меъда ба самти сурхной ҳаракат мекунад ва дар натиҷа  боиси эҷоди эҳсоси сузиши  сари дил,  дарди қафасаи сина ва низ  илтиҳоби сурхной дар афрод мешавад .

Пажуҳишгарон дарёфтаанд ки кислотаи  меъда метавонад боиси эҷоди балғам  ва дар натиҷа часпандагӣ   ба бофтҳои варамкардаи  роҳи нафаскашӣ  дар афрод шавад.

Пизишкон барои рафъи ин аломатҳо    таҳти назари пизишки мутахассиси аъзои ҳозима   буданро барои контроли ин беморӣ  бисёр самарабахш    медонанд, зеро дар дарозмуддат метавонад боиси коҳиши гирифтагии бинӣ    ва гулудард   дар афрод    шавад .