Сентябр 24, 2017 10:03 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи имом Ризо (а) дарбораи коҳиши сафро

Кисаи сафро дар сатҳи таҳтонии кабид қарор дорад. Вазифаи ин киса нигаҳдории моеи зардранги сафро (BILE) аст.

Ин моеъ ба ҳангоми вуруди маводи ғизоӣ ба меъда аз кабид тарашшуҳ мешавад ва сипас аз тариқи маҷроӣ ба кисаи сафро интиқол меёбад. Сафро аз тариқи маҷрои сафроии муштарак ба рӯдаи кӯчак рехта мешавад. Кори ин моеъ эҷоди эмулсияи пойдор рӯи равғанҳои ғизост, ки дар давоздаҳума анҷом мегирад.  Гоҳо инсон ба санги кисаи сафро мубтало мешавад, ки дар сурати вихомати беморӣ, таҳти амали ҷарроҳӣ қарор мегирад. Ҳангоми ҷарроҳӣ маъмулан пизишки муолиҷ кисаи сафроро аз бадан хориҷ мекунад. Дар ин сурат пас аз гузашти муддате маҷрои сафро гушод мешавад ва кори кисаи сафроро анҷом медиҳад.

Имом Ризо (алайҳиссалом) дарбораи коҳиши сафро мефармоянд: Ҳаркас мехоҳад, ки сафроро аз байн бибарад, чизҳои хунак ва нарм бихурад, баданашро истироҳат диҳад, аз истодани зиёд бипарҳезад ва ба шахсе, ки дӯсташ дорад, зиёд бингарад.

Тавсияҳои тибби суннатӣ

Ҷиҳати контроли тавлиди сафро, парҳез аз хурдани ғизоҳо ва маводи хурокӣ монанди ғизоҳое бо адвияи зиёд, анвои сусҳо, маводи ғизоии сурхкарданӣ, шоколад ва ғизоҳои ҳозирӣ ва фастфуд, аз ҷумлаи содатарин ва корбурдитарин шеваҳо аст, ки боиси беҳбуди алоими алергия аст ва имрӯза ин шеваҳо тавассути бисёре аз дармонгарони тибби модерн низ барои пешгирӣ аз авд кардани алергияҳо ва контроли ҳассосият ба беморон тавсия мешавад.

Контроли мизони маводи тавлидкунандаи сафро дар бадан ва дафъи сафрои изофа аз бадан бо шеваҳои табиӣ ва танзими сохтор ва амалкарди системаи эминии бадан аз ҷумлаи шеваҳое аст, ки ба дармони алергия кӯмак мекунад. Таваҷҷуҳ шавад, ки табъ хилти сафро гарм аст, бинобарин барои мутаодил кардани бадан барои муқобила бо ин табъ мебоист аз маводи ғизоии бо табъи сард истифода кунем. Хокшир баунвони як сафробари қавӣ дар қолаби як шарбати сода ва супи ҷав ва гиҳниз баунвони ғизоҳое, ки дорои мизоҷи сард аст, ба ин қабил беморон тавсия мешавад. Ҳамчунин масрафи нонҳои сабусдор ва коҳу бисёр тавсия шудааст.

Бархе гиёҳони доруӣ хосияти танзимкунандагӣ ва мутаодилсозии амалкарди системаи эминиро доранд. Ин қабил гиёҳон, ки маъмулан дорои табъи сард низ мебошанд, метавонанд дар фуру нишондани алоими алергия бисёр муассир бошанд. Барои мисол метавон аз гули хатмӣ ва исфарза ном бурд. Истифода ба сурати хурокӣ ва ё истеъмоли мазеии ин гиёҳони доруӣ дар коҳиши алергия бисёр муфид мебошанд.

Барчасп