Ойинҳои шаби ялдо дар Эрон – 4
(last modified Thu, 21 Dec 2017 09:02:03 GMT )
Декабр 21, 2017 14:02 Asia/Dushanbe
  • Ойинҳои шаби ялдо дар Эрон – 4

Ойинҳои шаби ялдо дар Эрон ....

Устони Луристон

Мардуми Луристон дар ғарби Эрон дар шаби чилла, бо гусфанд ё буқаламуние, (Ҳиндук) ки барои шаби чилла, пурвор ва чоқ кардаанд  ғазо таҳия мекунанд, афроди хонаводаҳо ба ҳамроҳи бузӯргони хонаводаҳо гирди ҳам ҷамъ мешаванд, ба гирифтани фол ва таърифи тостон ва хотира мепардозанд.

Онҳо барои ин шаб монанди дигар шаҳрҳои Эрон навъҳои танақулот ва меваҳо, харбуза ва ҳендивона таҳия мекунанд.

Дар шаби чилла низ навҷавонони маҳаллаҳои мухталиф дар Лӯристон, ба гурӯҳҳои ду ё чаҳор нафарӣ тақсим шуда ва ба пушти боми хонаҳо мераванд ва аз масири дудкаши бухориҳои хомуши хонаҳои қадимӣ ё ҷулуи панҷараҳо, шол мефиристанд ва бо хондани таронаҳои махсус ин шаб тақозои оҷил ва танақулот мекунанд ва соҳиби хона низ миқдоре аз маводи хурокӣ он шабро ба пуршол мебандад ва бо такон додани шол ишора мекунад, ки боло бикашанд.

Устони Ардабил

Дар Ардабил расм аст, ки мардум, чиллаи бузургро қасам медиҳанд, ки зиёд сахт нагирад ва маъмулан гандуми баришта “Қурқо ва ҳендувона ва сабза ва мағзи гирду ва нахудчӣ ва кишмиш мехуранд.

Устони Гилон

Дар Гилон дар хонаводаҳое, ки дар ҳамон сол писарашонро домод ё номзад крдаанд расм аст, ки табақе барои хонаводаи наварӯс мефиристанд, дар интабақ меваҳо ва хурокиҳо ва танақулоти вижаи шаби чилла ба зебои дар атроф ороста мешавад ва дар васати табақ ҳам як моҳии бузӯрг “Маъмулан моҳии сафед”  тоза ва хом ҳамроҳ бо тазини сабзиҷот қарор мегирад, ки муътақиданд боиси хайр ва баракат ва фаровонии рӯзии завҷи ҷадид ва ҳамчунин саломат ва борварии наварӯс мегардад.

Дар Гилон ҳендувонаро ҳатман фароҳам мекунанд ва муътақиданд, ки ҳар кас дар шаби чилла ҳендувона бихурад дар тобистон эҳсоси ташнагӣ намекунад ва дар замистон сарморо ҳис нахоҳад кард. Овкунус яке дигар аз хурданиҳое аст, ки дар ин минтақа дар шаби ялдо ривоҷ дорад ва ба равиши хосе таҳия мешавад, дар фасли пойиз, аз гили хомро дар хумра мерезанд, хумраро пур аз об мекунанд ва каме намак ҳам ба он меафзоянд ва дари  хумро мебанданд ва дар гушае хориҷ аз ҳавои гарми утоқ мегузоран, азгил сифт ва хом, пас аз мудате пухта ва обдор ва хушмаза мешавад.

Овгунус дар ағлаби хонаҳои Гилон то баҳори оянда ёфт мешавад ва ҳар вақт ҳавас кунанд аз гили тар ва тоза ва пухта ва расида ва хушмазаро аз хум берун меоваранд ва онро бо гулпар ва намак дар синаи киши офтоб мехуранд. “Ов – об ва кунус – аз гил” дар Гилон дар хонаводаҳое, ки дар ҳамон сол писарашонро домод ё номзад кардаанд расм аст, ки табақе барои хонаводаи наварӯс мефиристанд, дар ин табақ меваҳо ва хурокиҳо ва танқилот вижаи шаби чилла ба зебоие дар атроф ороста мешавад ва дар васати табақ ҳам як моҳии бузӯрг “Маъмулан моҳии сафед” тоза ва хом ҳамроҳ бо тазйини сабзиҷот қарор мегира, ки муътақиданд боиси хайр ва баракат ва фаровонии рӯзи завҷи ҷадид ва ҳамчунин саломат ва борӯрии наварӯс мегардад.

Устони Кирмон

Дар Кирмон дар маркази Эрон, дар шаби ялдо гоҳе мардум то субҳ бедор мемонданд ва мепиндоранд. Ки дар ин шаб Қорун ба шакли ҳезумшикане, ки пуштаи ҳезум бар пушт дорад ба хонаи некукорони мустаманд меравад ва ба онҳо ҳезум медиҳад ва ин ҳезумҳо табдил ба шимшҳои тилло шаванд.

Дар аёми қадим бархе аз мардум ба чилла менишастанд ва чиҳил рӯз маросими чиллашинӣ анҷом медоданд ба умеди ин, ки Қорун ба хонаи онҳо ворид шавад ва ба онҳо шимши зар бидиҳад, ин расм ёдовар бобонуел  (Бобои барфӣ)дар маросими крисмас ( Дар соли нави милодӣ) аст ва чунин менамояд, ки ялдои эронӣ ва крисмас аз як мояи сарчашма гирифтаанд аз ин гуна ойинҳои хос дар баргузории ялдо фаровон метавон шумурд.