Январ 08, 2018 11:25 Asia/Dushanbe
  • Таъсири дустон бар режими ғизоӣ

Донишмандони англисии донишгоҳи Ливерпул бо таҷзияву таҳлили 15 мақола аз ёздаҳ нашрияи илмии гуногун ба ин натиҷа расиданд, ки режими ғизоии шахс бастагӣ ба ин дорад, ки ӯ бо чӣ касе ғизо мехурад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи Хабар таъсиргузории дустон низ метавонад таъинкунандаи навбатҳои хурдани ғизо бошад. Донишмандон муътақиданд интихоби ғизо мустақиман бо равобити иҷтимоӣ муртабит аст, ҳатто вақте инсон аз ин мавзӯъ огоҳ нест ва ё танҳо ғизо мехурад.

Маркази таҳқиқоти миллии «Ғизои солим» менависад:Агар дустони Шумо фасфуд(хуроки тезтаёр)и равғаниро афзал донанд, имкони мубтало шудани Шумо  ба бемории фарбеҳӣ низ афзоиш меёбад, зеро инсонҳо ағлаб дар паси як гуфтугуи хуб , одати бад ва зарарноки дигаронро нусхабардорӣ мекунанд ва аз ҳаминҷо муқаддамаи пурхурӣ фароҳам мешавад,ки дар оянда сабабгори фарбеҳӣ ва бемориҳои ҷиддии дигар мегардад.

Барчасп