Апрел 18, 2018 08:58 Asia/Dushanbe
  • Вақте протеин ба андозаи сигарет хатарнок мешавад

Ба гуфтаи пажуҳишгарони амрикоӣ протеини мавҷуд дар гушт , панир , тухми мурғ ва дигари маҳсулоти ҳайвонӣ дар воқеъ варамҳои (тумурҳои) саратониро тағзия мекунад ва фарсудагии ҳуҷайраҳои баданро ба ҳамроҳ дорад.

  Пизишкони амрикоӣ ҳушдор доданд хурдани миқдори зиёди протеини ҳайвонӣ , аз ҷумлаи гӯшт ва панир дар даврони миёнсолӣ ба андозаи истеъмоли сигарет кушанда аст. Ба гуфтаи пажуҳишгарони амрикоӣ ба нақл аз рӯзномаи «Дейли мейл» натиҷаи таҳқиқ руи ҳазорон марду зани 50 сол ба боло нишон медиҳад афроде, ки аз протеинҳои ҳайвонӣ зиёд истеъмол мекунанд тақрибан ду баробар беш аз афроде, ки камтар ғизои  протеинӣ мехуранд дар вартаи марги зудрас ҳастанд.Ҳамчунин баробари ин баррасиҳо эҳтимоли марги ин афрод бар асари дучор шудан ба саратон  беш аз чаҳор баробар аст. Ба ҳамин сабаб ба афроди дорои  50 сол син ва беш аз он тавсия мешавад ба ҷои истифода аз ин гуна протеинҳои ҳайвонӣ аз протеини гушти моҳӣ, лубиё ва адас истифода кунанд.

  Аз суи дигар коршиносони англисӣ бо зери савол бурдани натиҷаҳои ин мутолиа изҳор карданд: Беҳтарин шеваи пешгирӣ аз саратон парҳез аз кашидани сигарет, ҳамчунин доштани вазни муносиб ва фаъолияти баданӣ аст.

Бо вуҷуди ин иттилооти ба даст омада баррасиҳо дар Амрико аз вуҷуди иртиботи ошкор байни режими ғизоӣ бо протеини фаровон ва марги зудрас ҳикоят дорад.

Барчасп