Август 14, 2018 10:27 Asia/Dushanbe
  • Дармони аллергияи баҳорӣ дар пизишкии куҳан

Бархе аз мардуми ҷаҳон дар фасли баҳор аллергия ё ҳассосиятҳои баҳориро таҷриба мекунанд, ки муттаассифона иддае аз онҳо маҷбуранд ин беморӣ аз қабили обрезиши бинӣ, илтиҳоб(дарду варам)и роҳҳои нафаскашӣ, резиши ашки чашм ва хориши пустро барои муддати тӯлонӣ чӣ басо то поёни фасли баҳор таҳаммул кунанд.

Дидгоҳи тибби суннати(халқи)и Эрон дар бораи шеваҳои дармонии ин бемориро мурур мекунем.

Аллергия доред? Сафроятон зиёд аст!

Дар бисёре аз китобҳои тибби суннатии Эрон барои мавридҳое назири афзоиши сафро(моеъи дохили талхадон ё заҳрхалта) дар бадан бо ибтило ба суимиҷози сафровӣ ба аломатҳое монанди варам,хориш, сузиш,сурхшавӣ ё обрезиши бинӣ ва чашм, ки бисёри шабеҳ ва наздик ба аломатҳои беморӣ аллергия аст, ишора шуда аст. Дар ҳақиқат дар ҳеч як аз ин китобҳо ба таври мустақим ба аллергия ва шаклҳои он ишора нашуда аст, аммо аз бемориҳое ки аломатҳои монанд ба аллергия доранд монанди афзоиши сафро дар бадан ёд шуда аст. Ҳакимони тибби суннатӣ барои дармони нороҳатиҳои вобаста ба афзоиши сафро дар бадан бо кумаки нусхаҳои гиёҳӣ ва шеваҳои поксозии бадан ба контроли мизони хилт ва сафро пардохта ва бо эҷоди таъодул ва дафъи балғам ва маводи изофӣ ба контроли беморӣ ва дармони он кумак мекарданд.

Кортикостероид; фақат дар шароити буҳронӣ

Дар бархе шароит ки бемор ба аллергияҳои фаслӣ ва танаффусӣ мубтало аст мумкин аст таҳти фишор қарор гирифта ва дучори ҳамлаҳои танаффусӣ шавад ба гунае , ки имкони танаффус барои ӯ вуҷуд надошта бошад. Ҳамон тавре ки ишора кардем дар тибби суннатии фаслӣ барои бемории аллергия ва иқдомоте ки дар ин замина бояд барои бемор дар назари гирифта шавад , иқдоме вуҷуд надорад.Бинобарин дармонгари тибби суннатӣ дар ин шароит наметавонад иқдоми лозимро барои хориҷ кардани бемор аз ин вазъият пиёда кунад ва дар ин шароит наздикони беморро лозим аст ӯро фаврӣ ба назди мутахассис ё дармонгари тибби замонавӣ бирасонанд то иқдомоти лозим барои бозгашти танаффуси табиӣ барои ӯ анҷом шавад.

Бинобарин вақте бемореро дорем ки дучори тангии нафас шуда ва медонем ки тазриқи кортикостероид мушкили ӯро бартараф мекунад ин корро ба ӯ тавсия мекунем то шароити буҳрониро сипарӣ кунад, зеро ин шева исбот шуда ва дар мавриди он таҳқиқ шуда аст. Бо ҳаммом кардан дар ҷӯшондаи ҷав ва дароз кашидан дар он метавон илтиҳобҳо ва сузиши пусти бархоста аз аллергияи баҳориро контрол кард.

Поксозии сафро бо хокшир

Дар тибби суннатӣ равишҳои мухталифе барои дафъи сафрои зиёдатӣ дар бадан вуҷуд дорад. Контроли мизони маводи тавлидкунандаи сафро дар бадан , дафъи сафрои изофа аз бадан бо шеваҳои табиӣ ва танзими сохтор ва амалкарди системаи эминии бадан аз ҷумлаи шеваҳое аст, ки ба дармони ин бемории кумак мекунад. Парҳези ғизоӣ монанди коҳиши мизони масрафи доругиҳо , навъҳои гуногуни мойинезҳо,ғизоҳои бирён, шоколад ва хурокҳои тезтаёр аз ҷумлаи содатарин ва корбурдитарини шеваҳо барои беҳбуди аломатҳои беморӣ аст, ки имрӯза ин шеваҳо тавассути бисёре аз дармонгарони тибби замонавӣ низ барои пешгирӣ аз такрори кардан аллергияҳо ва контроли онҳо ба беморон тавсия мешавад. Дар канори ин мавридҳо масрафи маводи табиӣ , гиёҳон ва доруҳои гиёҳии сафробар, мисли хокшир ё гулзардӣ ва атолаи ҷав, ки дорои мизоҷи сард аст,ба ин беморон тавсия мешавад.

Аллергия хатари марг дорад!

Аз дидгоҳи дармонгарони тибби замонавӣ бо шурӯи фасли баҳор бархе мардум нисбат ба омилҳои хориҷие монанди хурокиҳо, атрҳо , гарди гулҳо, гарду хок ва омилҳои берунии дигар дучори вокуниш мешаванд, ки ин вокунишҳо ба таври маъмул ба шакли хориш, сузиш , атса, сурфа, обрезии бинӣ ва ашки чашм ва илтиҳоби роҳҳои нафаскашӣ зоҳир мешавад, ки дар тибби замонавӣ аз он бо номи аллергия ёд мешавад.

Дар ҳоле ки дармонгарони тибби замонавӣ маншаи пайдоиши аллергия дар афродро , афзоиши сафро дар бадани медонанд, ки бо аломатҳое назири сузиш ва хориши пуст ва обрезии бинӣ ҳамроҳ аст ва гоҳе вақтҳо мунҷар ба баста шудани роҳҳои нафаскашӣ барои афроди мубтало ба ин беморӣ мешавад, ки бо хатар низ ҳамроҳ аст; ба гунае ки илтиҳоб ва варами роҳҳои нафаскашӣ метавонад хатари маргро барои онҳо ба ҳамроҳ дошта бошад.

Ба манотиқи хушк сафар кунед

Аз онҷо ки фасли баҳор фасли гардафшонии гулҳо ва гиёҳони мухталиф аст, аз пурдардисартарин фаслҳо барои афроди мубтало ба аллергия ва асма маҳсуб мешавад. Ба эътиқоди дармонгари тибби суннатӣ афроде, ки дучори аллергияҳои фаслӣ бо илтиҳобҳои танаффусӣ ҳастанд, бештарин осебро аз гардафшонӣ ва пароканда шудани атри гулҳо дар фазо таҷриба мекунанд. Ҳакимон дар матнҳои куҳани тибби суннатӣ борҳо ба ин нукта ишора кардаанд, ки танҳо роҳи раҳоӣ аз осебҳои фаслии бархоста аз гардаафшонӣ гулҳо сафар ё муҳоҷират ба манотиқи хушк аст, ки мизони гулу гиёҳ дар онҳо андак аст.

Оби гули хайрӣ бинушед

Бархе гиёҳони доруӣ хосияти танзимкунандагӣ ва мутаъодилсозии амалкарди системаи эминиро доранд. Аз бархе аз ин гиёҳон барои беҳбуди амалкарди системаи эминӣ истифода мекунем ва аз шуморе аз онҳо барои коҳиши аломатҳои беморӣ истифода мекунем. Ба унвони мисол ба беморе, ки ба каҳир мубтало шуда тавсия мекунем ки аз хокшир истифода кунад ё ба сурати хурокӣ ё мавзеъӣ аз оби гули хайрӣ,оби гули алоэ ё оби исфарза масраф кунад. Ин гиёҳон табъи сард ва мартубе доранд, ки истифодаи онҳо дар дармони аллергияҳо бисёр муфид аст. Шаклҳои доруӣ ва саноъатии онҳо низ дар дорухонаҳо мавҷуд аст. Ҳатто бархе дармонгари тибби роиҷ аз бархе аз ин доруҳои гиёҳӣ дар канори доруҳои кимиёӣ барои контроли аллегрия ва беморӣ истифода мекунанд.

Поксозӣ кунед

Ҳамон тавре ки медонед сафро дар ҷигар тавлид мешавад ва дар кисаи сафро(заҳрхалта) ҷамъ мешавад. Ҳангоми хурдани ғизо ба вижа ғизои чарб , сафро тарашшуҳ мешавад то ба шикаста шудани чарбиҳо ва ҳазми ғизо кумак кунад. Дар тули ҷараёни ҳазм ва ҷазби маводи ғизоӣ миқдоре аз ин сафро дар интиҳои рудаи боз ҷазб мешавад ва ба кисаи сафро боз мегардад. Дар сурате ки фарди мубтало ба юбусат бошад мизони бози ҷазби сафро бештар шуда дар натиҷа беморро ба суимизоҷи сафро дучор мекунад. Ба ин тарбият мизони сафро бадани бемор аз ҳади муҷози бештари маии шавад ва ин масъала муҷиби тақвияти аломати беморӣ мешавад.

Дар ин марҳала тибби суннатӣ барои дармони бемор ва дафъи сафрои изофа аз баданаш бо истеъмоли доруҳои гиёҳӣ ва режими ғизоии хос ба бемор кумак мекунад. Ба ин тартиб бемор бо дафъи чандбора дар тӯли рӯз муҷиби тахлияи мизони изофии сафро аз бадани худ мешавад. Нушидани рӯзона як стакан аз махлути баробари об ва арақи косни метавонад таъсири зиёде дар коҳиши илтиҳобҳо, хориш ва сурхии пусти афроди мубтало ба аллергияи фаслӣ дошта бошад.

Бо оби ҷав дармон кунед!

Ашхосе ки умуман бо оғози фасли баҳорӣ дучори ҳассосиятҳо ва аллергияҳои фаслӣ мешаванд бо риояти нукот ва тадбирҳое, ки дар матнҳои тибби суннатии Эрон ба он ишора шуда, метавонад аз ибтило ба ин бемориҳо дар ин фасл пешгирикунанд . Ин афрод бо наздик шудани баҳор метавонанд ба риояти як режими ғизоии сода ба муддати 3 рӯз аз ибтило ба аллергияҳо ва ҳассосиятҳои фасли баҳор пешгирӣ кунанд.

Ин афрод бояд ба муддати 3 рӯз танҳо аз оби ҷаве, ки ба сурати суннатӣ ва бидуни истифода аз маводи кимиёӣ ва нигаҳдоранда таҳия шуда аст , истифода кунанд ва набояд аз модаи ғизоии дигаре истифода кунанд. Пас аз итмоми ин режими ғизоии 3 рӯза низ бемор бояд аз сабзиҷоти пухта шуда бидуни доругӣ ва камҳаҷм ба унвони ғизо истифода кунад.

Барчасп