Октябр 07, 2018 11:57 Asia/Dushanbe
  • Мардуми кишварҳои сарватманд асабонитаранд

Ашхосе ки дар кишварҳои сарватманд зиндагӣ мекунанд, стресс ва асабонияти бештареро дар муқоиса бо шаҳрвандони кишварҳои фақир таҷриба мекунанд.

Ин ашхос шояд аз зиндагиашон ризояти бештарӣ дошта бошанд, аммо стресси бештаре доранд.

 Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии шабакаи Хабар ба нақл аз ИСНА, Луис Тай-устоди равоншиносии донишгоҳи Пордив дар ин бора гуфт : Зиндагӣ дар як кишвари сарватманд суръати болотар дорад ва вазифаҳое вуҷуд доранд, ки фард  бояд  анҷоми диҳад ва ин амр ба стресс мунҷар мешавад.

Дар ин баррасӣ муҳаққиқон маълумоти мутааллиқ ба 840 ҳазор нафарро дар 158 кишвар баррасӣ карданд ва ширкаткунандагон мизони ризояти худ аз зиндагӣ ва эҳсосоти мухталифашон монанди нигаронӣ, ғусса ва асабониятро гузориш карданд.

 Онҳо дарёфтанд байни изтироб ва интихобҳои беш аз андоза , иртибот вуҷуд дорад зерои талош барои беҳтарин интихоб фаврӣ метавонад ба афрод стресс ворид кунад.

Барчасп