Варзиш-беҳтарин равиш ҷиҳати ҳифзи оромиш
Бояд талош кард ки ҳаддалимкон дар ҳангоми дучор шудан бо мушкилот ва нооромиҳо оромиши худро ҳифз кард ва ин ҳифзи оромиш танҳо бо ёдгирӣ имконпазир аст.
Шаҳроми Вазириён-пизишки равоншинос гуфт : Зиндагӣ бо фарозу нишебҳое, ки дорад ҳамеша руйи хушро ба мо нишон намедиҳад, балки дар марҳилаҳое боиси нороҳатӣ ва нигаронии шахс мешавад. Бинобарин инсон бояд худ ва равони хешро барои рӯзҳо ва иттифоқоти бад ҳам омода кунад. Вазирӣ афзуд: Ҳангоми асабоният тағироти кимиёӣ ва электроникӣ дар даруни бадан иттифоқ меафтад, ки вокунишҳо аз фард ба фарди дигар мутафовит аст . Бинобарин шахс бо пешгирӣ аз асабоният метавонад худро комилан омода кунад.
Ин равоншинос изҳор дошт: Ҳар шахсе бояд бибинад бо чӣ варзише дар ҳангоми асабоният ором мешавад. Баъзеҳо бо нушидани об, бархе бо гуфтани салавот ва зикр ва иддае ҳам бо нафаси чуқур кашидан метавонанд ба хашми худ ғалаба кунанд. Албатта тавсияи пизишкон ҳам оромидаги ва варзишҳои мисли шино,йог , пиёдаравӣ ва ҳар варзише ки битавонад оромишро ба бадан бозгардонад, мебошад. Ногуфта намонад дар ин дунёи фонӣ чизе арзиши аз байн бурдан ва зери по гузоштани саломатии руҳу равон ва ҷисмро надорад. Бинобарин бояд мантиқӣ ва бидуни ҷабҳаигириҳо рӯзҳоро сипарӣ кард, то ба оромиши нисбӣ расид.