Уфунатҳои микробдори худро бо асал дармон кунед
(last modified Sat, 03 Nov 2018 05:57:38 GMT )
Ноябр 03, 2018 10:57 Asia/Dushanbe
  • Уфунатҳои микробдори худро бо асал дармон кунед

Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда, асал нақши муҳиме дар дармони уфунатҳои микробдор дорад.

Тибқи мутолиаи суратгирифта барои Кунгураи "Тибб-ур-Ризо", замоне ки асал барои захм ба унвони пӯшиш мавриди истифода қарор мегирад, бо оби сатҳи захм рақиқ шуда, пероксид тавлид мекунад ва он ба унвони як омили зидди микроб амал мекунад .

Гузоштани асал бар рӯйи захм зимни ҷилавгирӣ аз таҳоҷуму тахриби микроб бо осеби бофтӣ ҳамроҳ нест. Натоиҷи ин таҳқиқ нишон додааст, ки асал рӯй бактерияҳои муқовим бо антибиотик муассир аст ва ба наҳви чашмгире мӯҷиби беҳбудии уфунат мешавад. Тавони захмҳо ва муқобила бо микробҳои муқовим ба антибиотике, ки дар ин моддаи беназир вуҷуд дорад, мумкин аст, рӯзе асалро аз навъи дармон ҷойгузин ба як шеваи дармонии асосӣ дар пизишкӣ табдил кунад.

Асал аз қадимитарину нахустин шириниҳое аст, ки инсон истифода кардааст ва шомили глюкозаю фруктоза будааст. Дар асал маводи маъдание чун магний, калий, хлорид, натрия, сулфуру фосфори нисбатан мутафовит дида мешавад, ки ин бар асоси кайфияту навъи асал вобаста мебошад. Аз вижагиҳои муҳими асал хосияти микробкушии он аст, ки онро ба унвони як зиддиуфуникунандаи табиӣ матраҳ кардааст.