Ноябр 11, 2018 12:53 Asia/Dushanbe
  • Забони форсӣ ба гуши як хориҷӣ чигуна аст?

Ин пурсише буд, ки дар сайти Quora, ки як сайти пурбинандаи пурсишу посух аст матрҳа шуд. Афрод аз кишварҳои мухталифи дунё ба ин пурсиш посух додаанд. Бархе назарот инҷо тарҷума шудаанд.

Лара Нувака, ки англисӣ ва сирбӣ суҳбат мекунад

Зебо ба назар меояд. Ҳамсинфе дорам, ки нима эронӣ аст ва маъмулан бо модараш форсӣ суҳбат мекунад ва ман ҳамеша кунҷковӣ ва кушиш мекунам  ки ба суҳбатҳояшон гуш диҳам чаро ки ба назар оҳангин ва эҳсосӣ меояд.

Осама Аҳмад (Постон):

Мусиқӣ ба гуши ман аст... монанди нуре аст, ки аз ҷавоҳироти тахти товус метобад...

Падарбузурги модарии ман ба форсӣ суҳбат мекард ва менавишт. Ӯ форсиро "Фаронсаи Осиё" меномид ва ҳамчунин онро забони "шоҳон" мехонд чаро ки форсӣ забоне шоҳона барои онҳо ба шумор мерафт.

Ҷонӣ Живаго:

Ҳамонгуна, ки фаронсавӣ ба гуши як эронӣ ки фаронсавӣ намедонад, ба назар меояд... ман инро замоне ки суҳбат кардани форсии як духтари зебои эрониро шунидам, фаҳмидам. Форсӣ ва Фаронса овоҳое монанди ҳам доранд ва ҳарду забонҳои зебое ҳастанд.

Ён Силво (донишгоҳи Тегзас):

Барои посух додан ба ин пурсиш, 30 дақиқа BBC  форсиро рушан кардам, то ба садои ин забон гуш диҳам. Зебо ба назар меояд. Бисёр зариф ва ширин аст. На монанди арабӣ аз гулуй меояд ва на монанди ҳиндӣ аз даруни бинӣ истифода мешавад.

Патак (ҳиндӣ медонад):

Забони бегона ба назар намеояд. Ошно ба назар мерасад. Забони мо ба шиддат таҳти нуфузи форсӣ буда ва теъдоди бисёр зиёде вомвожаи форсӣ дар ҳиндӣ вуҷуд дорад.

Куркмаз (туркӣ ва англиси медонад):

Воқеъан форсиро дуст дорам ва барнома дорам, ки онро ёд бигирам. Эрон барои туркҳое монанди ман муҳим аст. Нақше, ки Юнони бостон барои Аврупо дорад, Эрон барои Туркия дорад. Форсӣ оҳангин ва равон ба назар мерасад. Ба вижа мусиқии суннатии Эрон олӣ аст.

Дурдвич (Сирбия)

Бисёр романтик ба назар мерасад ва ман барнома дорам, ки онро дар оянда ҳамроҳ бо русӣ ва юнонӣ ёд бигирам. Фардеро дар Сирбия дидам, ки 10 забон медонист ва ба ман гуфт, ки дар миёни ҳамаи онҳо форсиро бештар аз ҳама дуст дорад, чароки бисёр шоирона аст.

Каракуш:

Барои ман монанди забони ишқ аст. Аввалин боре, ки онро шунидам ба шиддат ҳайратзада шуда чароки (фаҳмидам) шабоҳатҳои бисёре байни курдӣ (забони бумии ман) ва форсӣ мавҷуд аст... шурбахтона фақат андаке аз онро мефаҳмам.

Гаглиярдӣ:

Дар як калом , ошиқона, пироста, музикал, масаждиҳандаи торҳои савтӣ замоне ки зимзимааш мекунӣ.

Ҷунер (ошно ба англисӣ, Нурвегияӣ,италиявӣ ва испаниявӣ):

Гуш кардан ба форсӣ муодили савтии нушидани шароби сафед аст. Онқадар ширин аст, ки пас аз шунидани он дар филмҳо ва оҳангҳо ва мардуми атроф, шуруъ кардам ба ёд гирифтани он.

Толга Ҳан:

Посухи ман шояд ба назари мардуми форсизабон масхара ба назар биёяд, вале барои ман ёдовари туркии усмонӣ аст. Манзурам аз туркии усмонӣ, забони девон аст, ки тавассути қасрнишинони усмонӣ ва нухбагони порсишудаи давлати усмонӣ истифода мешуд.

Олтон Халилов (мутакаллими туркии озарбойҷонӣ-ҷумҳурии Озарбойҷон):

Барои ман ба унвони касе ки аслан форси намедонад, беназир аст... форси чизе монанди Фаронсаи Ховари миёна аст... шоирона ба назарам меояд ва дар воқеъ, барои ман форсӣ шоиронатарин забоне, ки токунун шунидаем.

Шувагер (донишҷу-донишгоҳи Оксфорд):

Хеле нарм аст... монанди шер ё об аст ва ба гунае равон ба назар меояд, ки ман дар ҷудо кардани вожаҳо аз якдигар мушкил пайдо мекунам.Ман метавонам вожаҳоро дар бештари забонҳои Ҳинду-авпрупоӣ ба хубӣ ташхис диҳам, вале дар форсӣ ин кор бароям душвор аст.

 

Барчасп