Сентябр 21, 2023 18:16 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти омузишии Тоҷикистону Узбекистон

Тоҷикистону Узбекистон тарҳҳои муштаракро дар заминаи илму омӯзиш иҷро мекунанд.

Раҳим Саидзода, вазири маъориф ва илми Тоҷикистон бо Абдураҳмон Иброҳимов, вазири омӯзиши олӣ, илм ва навоварии Узбекистон дар Тошканд дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор масоили марбӯт ба иҷрои пружаҳои муштарак дар заминаҳои мухталиф, фарогирии беҳтарин шеваҳо барои афзоиши сифати омӯзишӣ, тарбияти мутахассисони дорои шароит ва тақвияти равобити дуҷониба дар ҳавзаи илмӣ ва омӯзишии байни кишварҳои дӯсту бародар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон дар ҳавзаи омӯзишӣ ва илмӣ аз 10 январи 1997 бар асоси тавофуқномаи байнидавлатӣ оғоз ва дар солҳои ахир ба таври қобили таваҷҷӯҳе дар ҳоли густариш ҳастанд.

 

Барчасп