Сафар кунед, то бештар умр дошта бошед
Натиҷаи таҳқиқот нишон медиҳад сафар муҷиби тақвияти саломатӣ, беҳбуди шароити зиндагӣ ва ҳамчунин афзоиши тули умри инсон мешавад.
Мутолиаи муштараки Маркази пажуҳишҳои бознишастагӣ ва анҷумани гардишгарӣ(сайёҳӣ) дар Амрико нишон медиҳад мусофират кардан ба вижа дар даврони бознишастагӣ аз ибтило ба бемориҳое чун фаромушхотирӣ ва камзеҳнӣ пешгирӣ мекунад.
Бар асоси натиҷаҳои ин мутолиа занони корманде, ки ҳар шаш сол як бор ба мураххасӣ мераванд дар муқоиса бо заноне, ки камаш соле ду бор ба мураххасӣ мераванд бештар дар маърази ибтило ба сактаҳои қалбӣ ё марг ҳастанд.
Натиҷаҳои ба даст омада нишон медиҳад мардоне, ки аз мураххасӣ истифода намекунанд хатари марг дар онҳо 20 дарсад бештар аз мардонест, ки аз мураххасӣ истифода мекунанд; зимни ин ки хатари ибтилои ин мардон ба бемориҳои қалбӣ 30 дарсад бештар аст.
Ин пажуҳиш собит кард сафар мизоҷи инсонр беҳбуд мебахшад.
Сафарҳои муназзам дар беҳбуди короии мағз, афзоиши шодмонӣ, афзоиши руҳия ва пешгирӣ аз бисёре аз бемориҳо таъсиргузор аст.