Стресс гузаранда аст
Муҳаққиқон ҳушдор доданд стресс сироятшаванда(гузаранда) аст ва метавонад аз шахсе ба шахси дигар сироят кунад.
Ба гузориши сомонаи Health мутолиаи муҳаққиқони бахши равонпизишкии донишгоҳи Сент Луиси Амрико нишон медиҳад, ки стресс монанди самохурдагӣ аз шахсе ба шахси дигар мунтақил мешавад ва ин интиқол аз тариқи оҳанги садо, ҳолати чеҳра ва бадан ва ҳатто буи бадан сурат мегирад.Дар ин мутолиа муҳаққиқон дар пайи баррасии ин мавзӯъ буданд, ки чи гуна як шахс бар асари стресси шахси дигар музтариб мешавад.
Муҳаққиқон дар ин мутолиа аз ашхоси мавриди баррасӣ хостанд то як суханронии умумӣ кунанд.Муҳаққиқон сатҳи кортизол ва ферменти муртабит бо танишро дар суханронони музтариб ва ашхоси наззорагар андоза гирифтанд. Онҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки вокуниши стресс дар мухотабон мутаносиб бо таниши суханронон аст ва таҳти таъсири ҷинсият қарор надорад.
Муҳаққиқон тавсия карданд: Ҳангоми ру ба ру шудан бо шахси музтариб(изтиробдошта) метавон бо нишастан ва нигоҳ кардан ба асшхосе ки стресс надоранд таниш ва изтиробро аз худ дур кард.