Ҳарчизеро нахуред!
Яке аз одатҳои бади ғизоӣ адами таваҷҷуҳ ба навъи ғизо ва замону макони он аст.
Бисёре аз ҳассосиятҳои ғизоӣ ба хотири адами созгорӣ бо системи дифоии бадан буруз мекунад ва ба сурати атса, хориш, истифроғ, таҳаввуъ, сардард, инқибози азулаҳо, асм, исҳол, дарди шикамӣ, ҷушҳои пустӣ, нафх ва боди шикам, каҳир, таварруми сурат (ба хусус лабҳо), сурфа, беҳуш шудан ва ... зоҳир мешавад.
Имом Ризо (а) дар бораи диққат дар тағзия мефармоянд, диққат кун бубин чи чиз бо ту ва меъдаат созгор аст ва баданат таҳаммули онро дорад ва чи ғизоҳо ва ошомиданиҳоеро мегуворад, ҳамонро барои худат баргузин ва ғизоят қарор деҳ. Бидон, ки ҳар як аз ин табъҳо чизҳоеро дуст дорад, ки бо он санхият ва созгорӣ дошта бошад, пас чизеро интихоб кун, ки бо баданат созгор аст. Ҳар кас беш аз андоза ғизо бихурд судаш нарасонда ва ҳаркас на кам на зиёд балки ба андоза бихурад он ғизо ба ӯ суд мерасонад.