Август 28, 2019 12:25 Asia/Dushanbe
  • Равишҳои дармонии имом Ризо (а) барои бемориҳои мухталиф-1

Яке аз усули беҳдошти фардӣ ва саломати баданро метавон тағзиядармонӣ ва доштани тадбир дар ғизоҳо ва нушиданиҳо донист, ки дар фарҳанги исломӣ аз он бо унвони хурданӣ ва нушокӣ ёд мешавад ва таваҷҷуҳи хоссе ба навъ, сифат ва замони масрафи ғизо дорад.

Имом Ризо (а) дар бораи усули саломати бадан ва беҳдошти тағзия фармудаанд, ҳамоно силоҳи бадан ва қавоми бадан ба ғизо ва об аст ва фасоди он низ ба ин ду аст пас агар ин дуро ислоҳ кунӣ бадан  ислоҳ ва агар ин дуро фосид кунӣ бадан фосид мешавад .

Дар назар гирифтани ҳалол ва ҳаром будани ғизо ва нушиданиҳо ва чигунагии ҳалол шудан ва ҳаром будани онҳоро фақат дар таҳқиқи қавоиди тағзияии исломӣ метавон ба ин содагӣ ва ҷомеӣ ёфт.

Имом Ризо (а) ҳамчунин мефармояд ислом, ҳар он чи барои саломати ҷисму равон хатарнок ва зиёнбор аст ҳаром ва макруҳ ва ончиро барои инсон лозим ва муфид аст воҷиб ё мустаҳаб донистааст. Ҳамчунин он чиро ки суд ва зиёне барои ҷисму равони одамӣ надорад мубоҳ хондааст.

Барои таъмини саломати бадан ва ҳифзи тандурустӣ ва низ таваҷҷуҳ ба пешгирӣ аз бемориҳо дар тибби исломӣ равишҳои мухталифе пешниҳод шудааст, ки ба мурур дар сайти тоҷикӣ боргузорӣ мешавад.

Гиёҳдармонӣ 

Дар тибби исломӣ ва ба вижда тиббуРизо (а) гиёҳони доруӣ ва низ истифода аз дигар маводи гиёҳӣ аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст. Дар мавриди гиёҳдармонӣ ва сифати истифода аз гиёҳон дар шафобахшии тамоми бемориҳо баҳси муфассале шудааст.

Мутобиқи омӯзаҳои пизишкии имомон (а) бо истифодаи саҳиҳ аз равишҳои гиёҳдармонӣ метавон бисёре аз бемориҳоро дармон кард. Имом Ризо (а), ки тадбиреро барои моҳҳо ва фаслҳои сол доштаанд мутаносиб бо ҳар моҳу фасли сол истифода аз ғизоҳо ва гиёҳони хосро тавсия карданд. Ҳамчунин дар ҳадисҳои пизишкии он ҳазрат дар мавриди хавоси бисёре аз гиёҳон дида мешавад.

 

Барчасп