Сентябр 03, 2019 11:49 Asia/Dushanbe
  • Равишҳои дармонии имом Ризо (а) барои бемориҳои мухталиф-2

Барои таъмини саломати бадан ва ҳифзи тандурустӣ ва низ таваҷҷуҳ ба пешгирӣ аз бемориҳо дар тибби исломӣ равишҳои мухталифе пешниҳод шудааст. Яке аз ин равишҳо ҳиҷоматдармонӣ аст.

Ҳиҷоматдармонӣ

Тибқи омӯзаҳои тиббии исломӣ ҳиҷомат севвумин сутуни тибби ҷисмонӣ аст, ки барои он хавоси эъҷобангезеро баршумордаанд.

Яке аз мабоҳисе, ки дар сайра ва равиши зиндагии аҳли байт (а) аз аҳамияти хоссе бархурдор буда ва ба муносибатҳои мухталиф мавриди таъкид қарор гирифта масъалаи ҳиҷомат аст. Дар ин замина имом Ризо (а) ба нақл аз пайёмбари гиромии Ислом (с) мефармоянд: агар дар чизе шафо вуҷуд дошта бошад дар теғи ҳуҷҷом ё дар шарбати асал аст.

Имом Ризо (а) фасли баҳорро беҳтарин замон барои анҷоми амали ҳиҷомат дониста ва мефармояд, фасли баҳор руҳи замонҳост ва дар ин фасл хун ба ҳаяҷон дар меояд. Лизо аз фасду ҳиҷомат дар ин фасл истифода кун.

 

Барчасп