Духтари яҳудӣ
(last modified Tue, 24 Dec 2019 06:37:20 GMT )
Декабр 24, 2019 11:37 Asia/Dushanbe
  • Духтари яҳудӣ

Хотироти зоирони ҳарами ҳазрати Алӣ бин Мӯсо Ар-Ризо алайҳиссалом

Саҳну сарои Алӣ бин Мӯсо Ар-Ризо (а) ҳамчун ҳамеша ҳолу ҳавои васфнашуданӣ дошт. Ҳама ҷо нур буду атри гули Муҳаммадӣ. Бо иштиёқ ва шавқи боварнакарданӣ дар маҳалли хидмат ҳозир шудам. Сейли зоирони ошиқ атрофи зареҳу равоқҳои атрофро пур карда буданд ва наҷвоҳои пур аз розу ниёзашон қиссаҳои ғуссаҳои ононро ба гӯши ҷонон мерасонд.

Дар миёни сейли зоирони дилхаста духтаре тақрибан 30 - сола таваҷҷуҳамро ҷалб намуд. Пеш рафтам ва бо салом ва хушомадгӯӣ сари сӯҳбат бо ӯро боз кардам. Нохунҳои рангӣ ва барроқаш гоҳ - гоҳ аз зери чодари гулдораш худнамоӣ мекард. Бо нармӣ ва илтифоти тавъам бо лабханд гуфтам:

-Азизам, беҳтар набуд ҳангоми омадан ба зиёрат локҳоятро пок мекардӣ ва бо вузӯ хидмати оқо мушарраф мешудӣ?

Сарашро ба гӯшам наздик кард ва гуфт:

-Хонум, ман яҳудӣ ҳастам.

Бо тааҷҷуб пурсидам:

-Пас чаро ин ҷо омадаӣ? Ту ки ба ин бузургвор муътақид нестӣ. Дар посух гуфт:

-Ман хоби ин оқоро мебинам ва ин оқоро хеле дӯст дорам. Аз омадан ба инҷо ба оромиши қалбӣ мерасам.

Ҳарфҳояш бароям ҷаззоб ва ҷолиб буд ва қарор гузоштам баъд аз тамом шудани шифтам бо ҳам бештар сӯҳбат кунем. Ӯ мегуфт, падараш 40 сол пеш ба Эрон омада ва акнун дар Теҳрон зиндагӣ мекунад. Таҳсилоти хубе дошт. Пурсидам:

-Чаро мусулмон намешавӣ? Гуфт:

-Дар бораи Ислом ва адёни дигар таҳқиқ кардаам, аммо қонеъ нашудаам. Мегуфт, мебинам Шумо мусулмонон рафторҳое анҷом медиҳед, ки ахлоқӣ нест. Гуфтам:

-Азизам, ҳамаи мусулмонҳо, ки ин тавр нестанд. Ҳамон тавр, ки дар байни мардуми яҳуд ҳамаҷӯр одам ёфт мешавад, дар байни мусулмонҳо ва адёни дигар ҳам ҳамаҷӯр одам пайдо мешавад. Шайтон дар ҳама ҷо ва ҳама вақт вуҷуд дорад ва ба ановини мухталиф ва ба ашколи гуногун инсонҳоро мефиребад ва мутеи худ месозад ва Шумо набояд гуноҳи мани мусулмонро ба пойи дини Ислом ва ойини илоҳӣ бигузоред ва ....

Сухан мо дар ин замина ба дарозо кашид ва аз ин ки дар мавриди Ислом иттилооте, ки битавонад ӯро қонеъ кунад, надоштам, шарманда шудам ва дарёфтам, ки бадии мани мусулмон то чӣ андоза ба дини Ислом ва ойини осмонии ман зарба мезанад, мутаассиф шудам. Чеҳраам боронӣ шуд ва он духтари яҳудӣ ором - ором аз ман фосила гирифт ва дар миёни ҷамъият аз назарам дур шуд.

 

Нависанда: Хадиҷаи Соҳибалам