Мелоди ҳазрати Исои Масеҳ (а) муборак бод+ видео
(last modified Fri, 25 Dec 2020 11:43:53 GMT )
Декабр 25, 2020 16:43 Asia/Dushanbe

Имрӯз - ҷумъа, 25 декабри соли 2020 солрӯзи мелоди фархундаи паёмбари бузурги Худо - ҳазрати Исои Масеҳ (а) аст.

Ҳазрати Исои Масеҳ (а), ки дар Қуръони карим аз вай ба номи Руҳуллоҳ ёд шудааст, фарзанди ҳазрати Марям (с) аст ва рӯзи мелоди ӯ яке аз бузургтарин муъҷизоти илоҳиро дар хотираи башарият зинда мекунад.

Ҳазрати Исои Масеҳ (а) бо тасдиқи Таврот - китоби осмонии яҳудиён зуҳури паёмбари бузурги хотам - ҳазрати Муҳамади Мустафо (с) - ро ба номи Аҳмад башорат дод.

Масеҳиён рӯзи мелоди фархундаи ҳазрати Исои Масеҳ (а) - ро ба номи иди Крисмас ҷашн мегиранд ва дар ин рӯз ойини вижае баргузор мекунанд, ки барафроштани дарахти коҷи сабз (арча) дар хонаҳо ошнотарини ин расмҳо барои ҳамагон аст.

Соли нав дар ҳамаи кишварҳое ки тақвими мелодиро ба расмият мешиносанд, аз аввали моҳи январ оғоз мешавад.

Радиои тоҷикии Садо ва Симои ҷумҳурии исломии Эрон мелоди хуҷастаи паёмовари сулҳу меҳрубонӣ - ҳазрати Масеҳ (а) –ро ба ҳамаи пайравону дӯстдорони он ҳазрат табрик мегӯяд.