Ҷустуҷу
-
Dec 19, 2016
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар чорчӯби сафари ахири худ ба Ҳинд дар дидор бо раҳбарияти ширкати “Ҳудай групп Индастрис” мавзӯи мавзуи бунёди неругоҳҳоии “Нуробод-1”, “Нуробод-2” ва “Фондарё” дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст ва ин ширкат низ барои сармоягузорӣ дар арсаи энержӣ дар Тоҷикистон эълом омодагӣ кардаанд.
-
Dec 19, 2016
Мақомҳои Тоҷикистону Ҳинд дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар робита ба умури дифоӣ, мубориза бо пулшӯӣ ва ҷилавгирӣ аз таъмини молии терроризм ба тавофуқ расиданд.
-
Dec 19, 2016
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки лағви раводид миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ба зудӣ имконпазир нест ва ниёз ба замони бештаре дорад.
-
Dec 18, 2016
Рӯзи 22-юми декабри соли ҷорӣ паёми солонаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони ин кишвар ироа мешавад.
-
Dec 18, 2016
Коршиноси масоили сиёсӣ ва фаъоли расонаии Русия бар зарурати ошноии бештари русҳо бо фарҳанги Тоҷикистон таъкид кард.
-
Dec 17, 2016
Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон даргузашт.
-
Dec 16, 2016
Ҳукумати Тоҷикистон соли 2011 Барономаи давлатии ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020-ро тасвиб кард, ки дар ҳоли иҷро аст, аммо ин кишвар барои ҳифзу тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёз дорад.
-
Dec 15, 2016
Тоҷикистон барои ҳифзу тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёз дорад.
-
Dec 15, 2016
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки иҷроӣ шудани санади миллии рушди Тоҷикистон, то соли 2030 ба ислоҳоти сохтории бунёдин ва асосӣ дар ин кишвар ниёз дорад.
-
Dec 15, 2016
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи таъсиси ширкати муштараки ин кишвар бо Чинро дар заминаи бозсозӣ ва аз саргирии тавлиди нуриҳои минералӣ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон тасвиб кард.
-
Dec 14, 2016
Ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти 4 бонки тиҷории ин кишвар аз хатари варшикастагӣ кумаки молии 3 миллиард сомониро ихтисос хоҳад дод.
-
Dec 14, 2016
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ранил Викремесингҳ, сарвазири Шри-Ланка ва раиси парлумони ин кишвар мулоқот намуд.
-
Dec 14, 2016
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ахиран як сокини ноҳияи Ваҳдат дар ҳумаи пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми кумаки молӣ ва ҷазби афрод ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 17 сол зиндон маҳкум кард.
-
Dec 12, 2016
Қатъи барқ дар манотиқи марказии Тоҷикистон, ки бар асари бориши барфи сангини шаби 10 декабр иттифоқ афтод, ҳануз рафъ нашуда ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, бахшҳое аз навоҳии Ваҳдат ва Ёвон дар ҳумаи шаҳри Душанбе барои сеюмин рӯзи мутаволӣ аз барқ ва об маҳрум ҳастанд.
-
Dec 11, 2016
Ду ниҳоди хабарӣ ва расонаии Тоҷикистон таи баёнияе аз намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар ин кишвар хостанд, то ба тааҳҳудоти худ дар заминаи ҳуқуқи инсон ва озодии баён амал кунанд.
-
Dec 10, 2016
Корбарони яке аз пуртарафдортарин сойтҳои варзишии Эрон пешниҳод карданд, бозии тимҳои Эрон бо Арабистон дар чорчӯби рақобатҳои Лигаи қаҳрамонони Осиё дар Тоҷикистон баргузор шавад.
-
Dec 09, 2016
Ҳавопаймоҳои “СУ-25”, мутааллиқ ба пойгоҳи низомии Русия дар “Кант”-и Қирғизистон барои ширкат дар тамринҳои зиддитеррористии муштараки Маскав-Душанбе ба фурӯдгоҳи “Айнӣ”-и Тоҷикистон мунтақил шуданд.
-
Dec 09, 2016
Дар дидори Муҳсини Меҳрализода, раиси Федератсиюни байналмилалии варзишҳои зӯрхонаӣ ва гуштии паҳлавонӣ бо масъулони Кумитаи олимпии Тоҷикистон, тақвияту густариши ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар арсаи варзишӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.