Ҷустуҷу
-
Aug 06, 2016
Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе Вазорати дифои Тоҷикистонро ба пардохти панҷ ҳазор сомонӣ барои ҷуброни хисороти Фирдавс Раҳматов, сарбоз кушташудаи артиши ин кишвар муваззаф кард.
-
Aug 06, 2016
Тавофуқи мақомоти додгоҳии Анкара ва Душанбе барои истирдоди яке аз аъзои "Гурӯҳи 24", як гурӯҳи мамнӯъшуда дар Тоҷикистон ба ин кишвар бо мухолифати созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар рӯ ба рӯ шудааст.
-
Aug 04, 2016
Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 4-уми август дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки то кунун аз миёни наздики 200 нафар ҷонибдори боздоштшудаи Назарзода, 170 нафар ба муддатҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шуданд.
-
Aug 03, 2016
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни радди хабарҳо аз баста шудани бархе сомонаҳои хабарӣ дар ин кишвар гуфт, дар сурати бастани сомонаҳои хабарӣ аз сӯи ширкатҳои мобилӣ, онҳоро муҷозот хоҳад кард.
-
Aug 03, 2016
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба манзури ширкат дар Нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ «C5+1» озими Вашингтон шуд.
-
Aug 03, 2016
Дар нимаи нахусти порсол беш аз 21 ҳазор тонна хушкмева аз Тоҷикистон содир шуд, ки ин мизон имсол ба 12 ҳазор тонна коҳиш ёфта ва иллати аслии ин коҳиши содирот, номусоид будани ҳавои баҳор дар шимоли Тоҷикистон-қутби тавлиди хушкмеваи ин кишвар аст.
-
Aug 02, 2016
Мақомоти Тоҷикистон далоили худдории ин кишвар аз фурӯши барқ ба Қирғизистонро шарҳ доданд.
-
Aug 02, 2016
Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, тарҳеро ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардаанд, ки бар асоси он бояд то соли 2020 ин кишвар аз кишвари масрафкунанда ба кишвари тавлидкунанда табдил шавад.
-
Aug 02, 2016
Коршиносони масоили иқтисодии Тоҷикистон бо ишора ба коҳиши эътимоди мардум ба бонкҳо, дастрасӣ надоштани мардум ба супурдаҳои бонкияшон дар ҳолатҳои зарурӣ ва низ тарс аз такрори ҳаводисе пас аз фурӯпошии Шуравӣ ва аз байн рафтани сармояҳои мардум дар бонкҳоро аз авомили ин коҳиши эътимод медонанд.
-
Aug 01, 2016
Дар ҳузури раисони ҷумҳурии Индонезия ва Тоҷикистон чанд санади ҳамкорӣ, миёни мақомҳои ду кишвар ба имзо расид.
-
Aug 01, 2016
Ба гузориши хабаргузории Азия плюс, Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз (душанбе), дар нишасти хабарӣ гуфт, такмили нақби Истиқлол ва насби таҷҳизоти рӯшноидиҳанда, ҳавософкун ва таъмини низоми зидди сӯхтор дар нақб ва воситаҳои иловагӣ заруранд.
-
Jul 31, 2016
Дар Тоҷикистон набудани омори дақиқ аз шумори бекорон, барномарезии давлатро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст ва мақомоти ин кишвар ба фикри ҳалли ин мавзӯъ ҳастанд.
-
Jul 31, 2016
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, якшанбе, 31 июл вориди Ҷакарта, пойтахти Индонезия шуд то дар дувоздаҳумин ҳамоиши байналмилалии иқтисодии исломӣ дар Ҷакарта ширкат кунад.
-
Jul 31, 2016
Пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба яке аз мавзӯҳои умдаи нишастҳои расмиву коршиносии Русия ва Тоҷикистон табдил шудааст.