Ҷустуҷу
-
Май 30, 2017
Бо вуҷуди дастури шаҳрдории Душанбе мабнӣ бар ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар моҳи мубораки Рамазон, сокинони пойтахти Тоҷикистон аз ҷаҳиши нархҳо шикоят мекунанд.
-
Май 27, 2017
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо шайх Абдуллоҳ бин Зойд Оли Наҳён, вазири хориҷаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки барои сафаре расмӣ ва якрӯза вориди Душанбе шуда буд, дидор кард.
-
Май 27, 2017
Шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон эълом кардааст, ба фурӯшандагоне, ки дар моҳи мубораки Рамазон қимати маводи ғизоиро афзоиш надиҳанд, имтиёзоте хоҳад дод.
-
Май 21, 2017
Ҳафтоду шашумин солрӯзи таваллуди шоири муосири Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бар сари мазораш дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бо ҳузури сафири Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Май 20, 2017
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иллати парвоз накардани ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон-Эйр" дар масири Душанбе-Тошкандро набуди теъдоди кофии мусофирон ном бурдааст.
-
Май 19, 2017
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз мизони ҳузури эрониёни муқими ин кишвар ибрози ризоият кард.
-
Май 17, 2017
Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии Чини ҷанубӣ ё “Чайна Сотерн Айрлойн” баргузор шуд.
-
Май 14, 2017
Шаҳрдории Душанбе аз қатъи об ба муддати чаҳор рӯз, ба таври муваққат дар се ноҳияи ин шаҳр ба далели бозсозии шабакаи обрасонӣ хабар додааст.
-
Май 10, 2017
Бо онки ҳукумати Тоҷикистон эълом карда буд, роҳпаймоии Полки ҷовид дар Душанбе ба муносибати рӯзи 9 май (рӯзи пирӯзии Шӯравӣ бар Олмони нозӣ) ба далоили мулоҳизотӣ баргузор намешавад, аммо рӯзи гузашта ин маросим бо посдошти кушташудагони тоҷик дар набард бо Олмони нозӣ баргузор шуд.
-
Май 09, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Рӯзи сешанбе, 9-уми май бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар боғи "Ғалаба"-и шаҳри Душанбе маросими ёдбуди 72-юмин солгарди пирӯзӣ ба Олмони нозӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум баргузор шуд.
-
Май 07, 2017
Ҷашнвораи мошинҳои куҳна дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Май 07, 2017
Сафири Англия дар Тоҷикистон гуфт, манозири зебои табиат ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон ҳарчи бештар гардишгаронро ба худ ҷалб мекунад.
-
Apr 29, 2017
Рӯзи ҷумъаи 28-уми апрел чандин тарҳи умронӣ тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ифтитоҳ шуд.
-
Apr 21, 2017
Дар як маросим дар шаҳри Душанбе аз нусхаи баргардоншудаи китоби "Гулистон"-и Саъдӣ ба хати сириллик рӯнамоӣ шуд. Кори таҳия ва баргардони ин асари арзишмандро Обид Шакурзода, рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷик анҷом додааст.
-
Apr 17, 2017
Нахустин ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Узбакистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шуруъ кард.
-
Apr 15, 2017
Бар асоси тавофуқномаи байни созмони «Империяи Дониш»-и Тоҷикистон ва мактаби муҳандисии «Маскав», нахустин мактаби роботсозӣ дар шаҳри Душанбе таъсис шуд.
-
Apr 06, 2017
Тошканд имрӯз мизбони ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистону Узбекистон дар бораи барқарории иртиботи ҳавоӣ миёни ин ду кишвар аст. Ҷонибҳо мегӯянд, ки танҳо пас аз имзои созишномаи тарофики ҳавоӣ замина барои анҷоми парвозҳои муназзам миёни Тошканд ва Душанеб фароҳам хоҳад шуд.
-
Apr 06, 2017
Ба гузориши сайти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар ҳамоиши маҳофили бозаргонии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки интизор меравад 20-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, раисон ва намояндагони наздик ба 40 ширкат ва корхонаҳои мухталифи тавлидӣ ва саноатии Қазоқистон ширкат мекунанд.
-
Apr 04, 2017
Беҳрӯзи Саидхоҷа: Нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе–Тошканд, ки қарор буд, рӯзи сешанбе чаҳоруми апрел анҷом шавад, лағв шуд.
-
Apr 02, 2017
Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз баргузории сеюмин намоишгоҳи омӯзишии кишварҳои хориҷӣ ҷилавгирӣ карданд.