Ҷустуҷу
-
Feb 09, 2018
Дастаи гуштини озоди Эрон дар сию ҳаштумин давраи рақобатҳои байналмиллалии Ҷоми ҷаҳонпаҳлавон Тахтӣ дар Табрез (шимолу ғарби Эрон) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.
-
Feb 09, 2018
Ҷашни сию нуҳумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон бо ҳузури муовини аввали нахуствазири Узбакистон ва ҷамъм зиёде аз сафирон ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ дар пойтахти Узбакистон баргузор шуд.
-
Feb 09, 2018
Кумитаи байналмиллалии олимпӣ(КБО) ва кумитаи баргузории бозиҳои олимпии 2018-и Пхёнчхан аз корвони Эрон бобати ҳодисаҳои ахир узрхоҳӣ карданд.
-
Feb 09, 2018
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Пирӯзии инқилоби исломӣ сабаб шуд,то истиқлол ва иззат ба мардуми Эрон бозгардад ва кишвар дигар ба дасти зӯргуён ғорат нашавад.
-
Feb 08, 2018
Тасмими ширкати “Samsung” зидди варзишкорони эронии ҳозир дар Олимпиадаи зимистонии Пхенчхани Кореяи Ҷанубӣ, ҳушдори вазирони хориҷа ва иртибототи Эронро дар пай дошт ва ба эҳзори сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон анҷомид.
-
Feb 07, 2018
Сафири ҷумҳурии исломӣ дар Русия ибрози умедворӣ кард, забони форсӣ ҳамонанди равобити Эрону Русия дар ин кишвар низ густариш ёбад.
-
Feb 06, 2018
Донишомӯзи систонӣ дар дидори Саид Муҳаммади Батҳоӣ, вазири омӯзишу парвариши Эрон аз диёри Рустами дастон, бо вазир зӯрозмоӣ кард!
-
Feb 06, 2018
Сомонаи “Рониши шафти мутаҳаррики 1800 асби бухори дарёӣ” ва “Сомонаи ҳифозати котдейи ҷарёни тазриқӣ” имрӯз дар шаҳри Машҳад дар шимоли шарқи Эрон рӯнамоӣ шуд.
-
Feb 05, 2018
Сарпарасти комиссариёи олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дар Эрон гуфт, акнун як миллион паноҳандаи хориҷӣ дар Эрон иқомат доранд ва 456 ҳазор донишомӯзи афғон дар мадрасаҳои Эрон таҳсил мекунанд.
-
Feb 05, 2018
Мудири кулли мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии устони Хуросони Разавӣ дар шимоли шарқи Эрон ва раиси Кумитаи миллии гардишгарии ҷумҳурии Тотористони Русия тафоҳумномаи ҳамкории гардишгарӣ имзо карданд.
-
Feb 04, 2018
Раисҷумҳури Туркманистон дар остонаи баргузарии рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Ишқобод бар аҳаммияти нақши таомулоти фарҳангӣ ва инсонӣ бо ҷумҳурии исломӣ таъкид кард.
-
Feb 04, 2018
Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири дифои Афғонистон гуфт: Амрико мехоҳад, гурӯҳи террористии ДИИШ-ро аз маҳликаи Сурияву Ироқ хориҷ ва ба Афғонистон мунтақил кунад.
-
Feb 04, 2018
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба пайравӣ аз омӯзаҳои миллӣ ва исломӣ, заррае аз ҳаққи машрӯъи худ барои тақвияти тавонмандиҳои дифоии кишвар, чашмпӯшӣ ва ақибнишинӣ нахоҳад кард.
-
Feb 03, 2018
Сойти ҷаҳонии футболи соҳилӣ, охирин раддабандии тимҳои миллии ин риштаи варзиширо дар январи 2018 эълом кард, ки бар асоси ин раддабандӣ, соҳилибозони Эрон ҳамчунон бар боми Осиё ва дар раддаи сеюми ҷаҳон қарор доранд.
-
Feb 02, 2018
Муовини бахши гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ, саноъати дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт: Дар соли гузаштаи ҳиҷрии шамсӣ (1395) беш аз шаш миллион гардишгари хориҷӣ ба Эрон сафар карданд.
-
Feb 02, 2018
Имом-ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт: Амрико дар паи барандозии низоми Ҷумҳурии исломӣ ва ҳадаф қарор додани асли вилояти фақеҳ дар Эрон аст.
-
Feb 01, 2018
Ҳамзамон бо солрӯзи вуруди таърихии ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон вижабарномаҳои даҳаи Фаҷр дар саросари Эрони исломӣ оғоз шуд.
-
Jan 31, 2018
Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия гуфт: Эрон, Русия ва Туркия дар кумитаи таъини Қонуни асосии Сурия намоянда хоҳанд дошт.
-
Jan 31, 2018
Мудири кулли дафтари арабии африқоии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон аз рушди чашмгири содироти Эрон ба Қатар дар 9 моҳаи гузаштаи соли 1396 хуршедӣ хабар дод.