Ҷустуҷу
-
Nov 25, 2017
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми “Твиттер”-ӣ бо маҳкум кардани ҷинояти террористҳо дар ҳамла ба намозгузорони ҷумъа дар минтақа Синои Миср, аз тарафи миллати Эрон ба мардуми Миср ва хонаводаи қурбониёни ин ҳамла таслият гуфт.
-
Nov 24, 2017
Телевизиони расмии Миср аз афзоиши шумори қурбониёни ҳамлаи террористӣ ба масҷиди “Арравза”-и рустои Баъралабди шаҳри Ариш, шимоли саҳрои Сино хабар дод.
-
Nov 20, 2017
Бар асоси гузориши солонаи муассисаи иқтисод ва сулҳ дар бораи шохиси ҷаҳонии терроризм, Узбакистон дар радаи кишварҳои дорои камтарин таҳдидоти террористӣ қарор дорад.
-
Nov 18, 2017
Дастгоҳи иттилоотии Ҳолланд нисбат ба нақши фазоянда ва таҳдиди рӯзафзуни занони террористи вобаста ба ДИИШ ҳушдор дод.
-
Nov 16, 2017
Ёздаҳ нафар аз шаҳрвандони Қазоқистон ба иттиҳоми таблиғи гурӯҳи террористии ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар ин кишвар боздошт шуданд.
-
Nov 16, 2017
Сафири Русия дар Тоҷикистон дар бораи нуфузи гурӯҳҳои террористӣ аз шимоли Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод ва хостори омодагии ин кишварҳо барои муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ шуд.
-
Nov 15, 2017
Сафири Русия дар Тоҷикистон бар зарурати омодагӣ барои муқобила бо ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба ин кишвар таъкид кард.
-
Nov 07, 2017
Раисҷумҳури Русия бо ибрози нигаронӣ аз фурӯши силоҳ ба террористҳо дар Сурия гуфт, манотиқи даргири Сурия ба манбаи даромади пурсуде барои бархе кишварҳо табдил шудааст.
-
Nov 06, 2017
Нерӯҳои амниятии Афғонистон, як устоди донишгоҳи вилояти Парвон ин кишварро ба иттиҳоми талош барои иҷрои ҳамлаи террористӣ боздошт карданд.
-
Nov 04, 2017
Шаҳри Ню-Йорк дар Амрико бори дигар шоҳиди амалиёти террористии як унсури вобаста ба ДИИШ буд. Ин амалиёт дар ҳоле иттифоқ афтод, ки тадобири шадиди амниятӣ пас аз рӯи кор омадани Доналд Трамп шадидтар шудааст.
-
Nov 04, 2017
Гурӯҳи такфирии ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористии сешанбеи гузашта дар Манҳеттени Ню-Йоркро бар ӯҳда гирифт ва омили онро “сарбози хилофат” хонд.
-
Nov 02, 2017
Раиси шӯрои ҳамоҳангии фаъолияти неруҳои марзбони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҷамъ шудани террористҳо дар шимоли Афғонистон ва марзҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ибрози нигаронӣ кард.
-
Nov 01, 2017
Барқарории амният ва мубориза бо терроризм муҳимтарин мавзуе буд, ки дар дидори рӯзи чаҳоршанбеи раисҷумҳури Тоҷикистон ва котиби Шӯрои амнияти Русия мавриди таъкиди дутараф қарор гирифт.
-
Nov 01, 2017
Сешанбешаб бар асари бархурди як мошин бо пиёдаравон ва пас аз он тирандозӣ дар маҳаллаи Манҳеттени Ню-Йорки Амрико 10 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шуданд.
-
Nov 01, 2017
Раиси ҷумҳурии Афғонистон истифода аз таҷрибаҳои Русияро барои мубориза бо терроризм дорои аҳамият донист.
-
Oct 26, 2017
Сухангуи Кохи Кремлин бозгашти террористҳои ДИИШ-ро ба Русия таҳдиде алайҳи Маскав донист.
-
Oct 26, 2017
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Эрон дар масири мубориза бо терроризм ва ҳифзи тамомияти арзии Ироқ, ҳамвора дар канори давлат ва миллати ин кишвар буда ва хоҳад буд.
-
Oct 24, 2017
Шумори террористҳои мустақар дар марзҳои муштараки Афғонистону Тоҷикистон ҳафт ҳазор нафар эълом шуд.
-
Oct 23, 2017
Рӯзҳои ахир изҳори назари яке аз рӯҳониёни мусулмон дар Русия дар бораи хатароти пайвастани коргарони муҳоҷири тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ, боиси эҷоди баҳсҳои зиёде дар маҳофили Русияву Тоҷикистон шудааст.
-
Oct 22, 2017
Сарони давлати ваҳдати миллии Афғонистон дар баёнияҳои ҷудогонае амалиётҳои террористии чанд рӯзи гузашта дар Афғонистонро, ки ба кушта шудани даҳҳо нафар аз мардуми бегуноҳи афғон анҷомид, маҳкум карданд.