Ҷустуҷу
-
Mar 07, 2019
Густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар дидори вазири фарҳанги Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
-
Mar 06, 2019
Иддае аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ иддао доранд, ки фарде мавсум ба Ҷонибек Латифов ба онҳо тааҳҳуд додааст, ки ба ивази маблағ борҳои эшонро аз Русия ба Тоҷикистон интиқол медиҳад. Аммо бо дарёфти ҳаққи интиқоли ин бор, ин шаҳрванди Тоҷикистон тааҳҳудашро иҷро накардааст.
-
Mar 06, 2019
Раиси вилояти Суғд ва сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон бар зарурати тасриъ дар раванди музокироти дуҷониба барои нишонагузории марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя таъкид карданд.
-
Mar 06, 2019
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи террористии Ансоруллоҳ, ки фаолияташ дар Тоҷикистон мамнунъ аст, ба 14 сол зиндон маҳкум кард.
-
Mar 06, 2019
Вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикстон аз ширкати муштараки ин кишвар бо Чин, ки дар маъдани тиллои Покруд машғул ба кор аст, хост барои афзоиши тавлиди ин маҳсул иқдом кунад.
-
Mar 05, 2019
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон, ки пойинтани суръати интернети ҷаҳонро ба муштариёнаш ироа медиҳад эълом кардааст, ки нархи интернет дар ин кишвар аз 27-уми март афзоиш меёбад.
-
Mar 05, 2019
Як миллиарду 300 миллион доллар аз маҷмӯи ду миллиарду 924 миллиону 200 ҳазор доллари қарзи хориҷии Тоҷикистон мутааллиқ ба Бонки воридот ва содироти Чин аст.
-
Mar 04, 2019
Бар асоси омори расмӣ, бознишастагон дар Тоҷикистон дар миёни ҳамрадифони худ дар кишварҳои узви ИДМ ва Осиёи Марказӣ пойинтарин нафақаро доранд.
-
Mar 04, 2019
Кордори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон гуфт, Сотим Улуғзода, нависандаи мардумии тоҷик бо офаридани осоре ҷовидона, номи худро дар зеҳни ҳамаи тоҷикон ва эрониён ба сабт расондааст.
-
Mar 04, 2019
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар фармонҳои ҷудогона, дабири Шӯрои амният ва дастёри худ дар умури амнияти миллиро аз симатҳои худ барканор кард.
-
Mar 04, 2019
Барномаи фарҳангии “Шаби Тоҷикистон” севуми март бо ҳузури адибон ва соҳибназарони тоҷикистонӣ ва эронӣ дар Теҳрон баргузор шуд.
-
Mar 04, 2019
Субҳи имрӯз (4 март) ҳайати парлумони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба шаҳри Токиои Ҷопон сафар кард.
-
Mar 04, 2019
Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон аз оғози таҳқиқи ҳодисаи кушта шудани як сарбози қисми низомии мустақар дар шаҳри Роғун, аз сӯи додситони низомии ин кишвар хабар дод.
-
Mar 04, 2019
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 мутафовит хоҳад буд.
-
Mar 03, 2019
Дар ду моҳи ахир қимати орди дараҷаи олӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 4.6 дарсад гаронтар шудааст. Ҳамакнун қимати як килограмм орди бо кайфияти олӣ ҳудуди 4 сомонӣ аст. Ин дар ҳолест, ки як моҳ пеш қимати ин колои роҳбурдӣ 3 сомонию 43 дирам буд.
-
Mar 03, 2019
Барномаи “Шаби Тоҷикистон” тавассути Бунёди офаринишҳои ҳунарии Ниёварон бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии ЭКО ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд.
-
Mar 03, 2019
Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини 38-солаи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомиро барои барангехтани танаффури динӣ, нажодӣ ва миллӣ ба 4 соли зиндон маҳкум кардааст.
-
Mar 03, 2019
Ҳабдаҳумин гузаргоҳи марзии миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бо ҳузури мақомоти марзбонии ин ду кишвар ифтитоҳ шуд.