Ҷустуҷу
-
Dec 26, 2016
Қурби рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон майли болоравӣ дошта, арзиши доллар бетағйир мондааст.
-
Dec 26, 2016
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.
-
Dec 26, 2016
Актёри тоҷики синамои Русия, ки таи 10 соли ахир дар беш аз 30 филми синамоӣ дар ин кишвар нақш ифо кардааст, мушкилоти синамои Тоҷикистонро набуди манобеи молӣ ва таҷҳизоти фаннӣ унвон кард.
-
Dec 26, 2016
Бо интишори қонуни ислоҳшудаи “Муҷозоти тавҷеҳи терроризм” дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон, ки дар моҳи октябри имсол аз сӯи раисҷумҳури ин кишвар имзо шуда буд, акнун додгоҳҳо метавонанд афроди муттаҳамро аз 5 то 10 сол ба зиндон маҳкум кунанд.
-
Dec 25, 2016
Таниш дар робита ба мавзӯи парвозҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон зоҳиран вориди марҳалаи наве гардида, ба он мақомоти сиёсиву дипломатии Душанбеву Маскав ҳамроҳ мешаванд. Сафири Тоҷикистон дар Маскав дар робита ба баҳси байни мақомоти авиатсионии ду кишвар ба Вазорати хориҷаи Русия нотаи расмӣ ирсол кардааст.
-
Dec 25, 2016
Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки шахси Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури ҷадиди Узбакистон алоқаманди беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.
-
Dec 25, 2016
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо мудири Осорхонаи Луври ин кишвар дидор кард.
-
Dec 24, 2016
Эмомалӣ Раҳмон -раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба парлумони ин кишвар, бар таваҷҷӯҳ ба масоили иқтисодии ин кишвар таъкид кард, Тоҷикистон, то соли 2030 милодӣ бояд ба кишвари санъатӣ ва кишоварзӣ табдил шавад.
-
Dec 24, 2016
Мақомоти Русия эълом кардаанд, мушкилоти мавҷуди парвоз бо Тоҷикистон танҳо замоне рафъ мешавад, ки тарафи тоҷик хостаи ин кишвар дар бораи ба расмият шинохтани фурудгоҳи Жуковский дар атрофи шаҳри Маскавро бипазирад.
-
Dec 24, 2016
Мирзосаид Султонов, профессори Донишгоҳи Тоҳоку Коеки дар Ҷопон муътақид аст, ки Тоҷикистон бидуни рушди тиҷорати хурд ва миёна ҳамчунон ба даромади коргарони муҳоҷир вобаста мемонад.
-
Dec 24, 2016
Сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш омодаи густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ аст.
-
Dec 24, 2016
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз амалӣ шудани 19 тарҳи роҳсозӣ бо маблағи 6,5 миллиард сомонӣ хабар дод.
-
Dec 24, 2016
Бо бенатиҷа анҷом шудани музокироти Тоҷикистону Русия бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар сафири Душанбе дар Маскав ба Вазорати умури хориҷии ин кишвар нотаи эътирозӣ ирсол кард.
-
Dec 24, 2016
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки дар соли 2017 бахши умдаи буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон барои иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ сарф хоҳад шуд.
-
Dec 23, 2016
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии Фифа бо 2 зина боло рафтан, дар раддаи 129-и ҷаҳон қарор гирифт.
-
Dec 23, 2016
Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид бо ирсоли паёме ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиби тарҳи ин ҷумҳурӣ дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳидро табрик гуфт.
-
Dec 23, 2016
Дар посух ба тасмими Русия, мабнӣ бар мамнуияти парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарии ширкати “Сомон эйр”-и Тоҷикистон, мақомоти идораи ҳавопаймоии ин кишвар парвозҳои ширкати "Хатсайри Урал"-и Русияро ба Душанбе мамнуъ карданд.
-
Dec 22, 2016
Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси масоили сиёсии тоҷик дар гуфтугӯ бо хабарнигори "Садои Хуросон" дар бораи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони Тоҷикистон гуфт, нуктаи мусбати паём ин аст, ки Раҳмон сиёсати хориҷии Тоҷикистонро вобаста ба кишваре накард.
-
Dec 22, 2016
Маҷмаи умумии Созмони Милал 21 декабр қатъномаи даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди пойдор - 2018-2028»-ро, ки аз сӯйи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда буд, тасвиб кард.