Ҷустуҷу
-
Dec 09, 2020
Маошу дастмуздҳои батаъхирафтода дар Тоҷикистон дар 11 моҳи гузашта ба беш аз 74 миллион сомонӣ расидаву 41 миллиону 400 ҳазор сомонӣ (наздик ба 3 миллиону 600 ҳазор доллар) афзоиш ёфтааст.
-
Dec 09, 2020
Маҷмӯаи достонии “Боғи шафтолу”, асари Шоҳмансури Шоҳмирзо, адиби тоҷик, ки порсол дар Теҳрон ба чоп расид, дар интишороти “Адиб” –и шаҳри Душанбе бо шуморагони 500 нусха ва дар 164 сафҳа мунташир шуд.
-
Dec 09, 2020
295 нафар дар 24 соати гузашта дар Эрон бар асари ибтило ба бемории Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд.
-
Dec 09, 2020
Дар нооромиҳои остони курднишини Сулаймонияи Ироқ мӯътаризон сохтмони фармондории ин минтақаро оташ заданд ба тавре, ки фармондор ночор шуд аз роҳи пушти бом фирор кунад.
-
Dec 09, 2020
Якчанд пирамард ва пиразан, ки бори дигар чеҳраи ҷавони худро бо кӯмаки як барномаи мобилӣ мушоҳида карданд, вокунишҳои ҷолибе ба он нишон медиҳанд.
-
Dec 08, 2020
Бо шиносоии 42 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 511 нафар расид.
-
Dec 08, 2020
Пизишки эронитабори амрикоӣ ва корманди воломақоми пажӯҳишгоҳи беҳдошт ва дармони ин кишвар, кӯҳистонӣ будани Тоҷикистонро яке аз омилҳои аслии камтар ба Ковид - 19 мубтало шудани тоҷикҳо унвон кард.
-
Dec 08, 2020
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 323 нафари дигар бар асари корона дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.
-
Dec 08, 2020
Нерӯгоҳҳои барқи обии хурди Тоҷикистон дар 10 моҳи охир дар маҷмӯъ 13 миллиону 800 ҳазор киловатт соат нерӯи барқ тавлид карданд, ки камтар аз як дарсад аз тавлиди кулли нерӯи барқи кишвар аст.
-
Dec 08, 2020
Вазорати хориҷаи Амрико боз ҳам Тоҷикистонро ба рӯйхати поймолкунандагони ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ қарор дод.
-
Dec 08, 2020
Созмони миллии фазоии Чин(CNSA) рӯзи 6 декабр аз партоби муваффақиятомези як моҳвораи ҷадиди расади заминӣ хабар дод. Чанд рӯз қаблтар ҳам чиниҳо бо партоби фазопаймои бидуни сарнишини «Chang-5» парчами худро рӯи кураи моҳ насб карда буданд. Ковушгари «Chang-5», яке аз печидатарин ва чолишбарангезтарин маъмуриятҳои таърихи ҳаво-фазоии Чин ҳамчунин аввалин маъмурияти намунаи моҳ дар ҷаҳон тайи беш аз 40 сол аст.
-
Dec 08, 2020
Ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард: дар ҷанги ахири Қорабоғ 4,8 миллиард доллар ба таҷҳизоти артиши Арманистон хисорат ворид шудааст.
-
Dec 08, 2020
Як духтари навҷавони англис, ки хонаводааш солҳо дар саросари Англия дар ҷустуҷӯи ӯ буданд пас аз 6 сол дар лагери арусҳои ДИИШ дар Сурия пайдо шуд.
-
Dec 07, 2020
Бо шиносоии 41 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон, теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 469 нафар расид.
-
Dec 07, 2020
Густариши бемории ношинохта дар иёлати Андҳра - Прадеш дар Ҳинд боиси нигаронии мардум шудааст.
-
Dec 07, 2020
Бориши барфи тирамоҳӣ Теҳронро сафедпӯш карда ва рангурӯи зимистонӣ ба ин шаҳр баҳшидааст.
-
Dec 07, 2020
Дар Эрон мавсими ҷамъоварии афлесун аз боғҳои шимоли кишвар оғоз шудааст.
-
Dec 07, 2020
Барномаи рушди Дафтари СММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ омӯзишро оид ба монеаҳои фаъолияти бахши хусусиро оғоз кардаанд.
-
Dec 06, 2020
Бо шиносоии 39 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 428 нафар расид.