Ҷустуҷу
-
Май 22, 2019
Бонки миллии Тоҷикистон пас аз боло рафтани арзиши доллар аз 10 сомонӣ ва камбуди арзҳои хориҷӣ барои хариду фурӯш дар бонкҳои тиҷорӣ ва муассисоти молӣ ва эътибории кишвар, дар баёнияе иллати ин вазъро ташреҳ кардааст.
-
Май 21, 2019
Муовини аввали дабири Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлаҳои Муштаракуламнофеъ аз оғози маъмурияти ин иттиҳод барои назорат бар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии Қазоқистон хабар дод.
-
Май 19, 2019
Марин Ле Пен, раҳбари Ҷабҳаи миллии Фаронса дар мусоҳибае таъкид кард: Ба назари ман Аврупо ҳеҷ далеле барои душманӣ ва хусумат бо Русия надорад ва оддисозии равобит байни кишварҳои аврупоӣ ва Русия ба нафъи ду тараф хоҳад буд.
-
Май 18, 2019
Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ, маъруф ба ҳуҷҷатулҳақ, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим, шоир ва донишманди пуровозаи эронӣ аст, ки 28-уми урдибиҳишт, баробар бо 18 –уми апрел, рӯзи мелоди ӯ дар тақвими Эрон ба номи ин ситораи дурахшони сипеҳри ҷаҳони илму адаб номгузорӣ шудааст.
-
Май 16, 2019
Русия афзоиши ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ бавижа ДИИШ дар Афғонистонро маншаи аслии таҳдидоти амниятӣ, барои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва минтақаи Осиёи Марказӣ донист.
-
Май 15, 2019
Равобити Амрико ва Русия дар давраи пасо ҷанги сард бо навасонҳои зиёде ҳамроҳ будааст. Бо ин ҳол бо вуқуъи буҳрони Украина дар соли 2014 ва пас аз он яъне зарфи панҷ соли гузашта, раванди равобити Маскав ва Вашингтон масире нузулиро тай карда ва раванди ихтилофот байни ду тараф ва иҷрои таҳримҳо алайҳи Маскав шитоб гирифтааст.
-
Май 15, 2019
Мудири Cозмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон аз омода шудани ширкати "Тоҷик-Эйр" барои интиқоли зоирони ин кишвар ба сарзамини ваҳй дар моҳи августи соли ҷорӣ хабар дод.
-
Май 15, 2019
Масъулони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз оғози таҳаррукот барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2020-и ин кишвар хабар доданд.
-
Май 13, 2019
Ахиран мақомоти ҳукуматӣ дар бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон ба баҳонаи иҷро нашудани барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низомӣ, масоҷидро бастаанд то ба волидайни ин афрод фишор ворид кунанд, ки ин равишҳо то кунун дар Тоҷикистон бесобиқа будааст.
-
Май 13, 2019
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод бо ислоҳи қонуни андоз дар ин кишвар,мизони андози дарёфтӣ ҳамчунин теъдоди кормандони соҳаи андоз коҳиш ёбанд.
-
Май 12, 2019
Узви ҳайати илмии Донишгоҳи улуми пизишкии Бақиятуллоҳ гуфт, афроде, ки собиқаи санги гурдаи кӯчак доранд, бо нӯшидани мақодири фаровони мойеот дар фосилаи ифтор то саҳар (8 литр) метавонанд нисбат ба рӯзадорӣ иқдом кунанд.
-
Май 12, 2019
Як хонуми аҳли Афғонистон эълом кард беш аз бист сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва то ба ҳол талошҳояш барои дарёфти шаҳрвандии ин кишвар ба ҷое нарасидааст.
-
Май 11, 2019
Мудирияти ширкати гардишгарии Central AsiaTravel дар Русия муътақид аст,Кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон аз ҷазобияти зиёде барои гардишгарони хориҷӣ бархурдор буда ва беҳтар аст,ки дар ин замина мақомоти Душанбе бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкори кунанд.
-
Май 09, 2019
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, сиёсатҳои хасмонаи Амрико зидди Куба бавижа бардоштани таълиқи бахши се қонуни таҳримии " Helms - Burton"-ро маҳкум ва таъкид кард: Вашингтон бо ин иқдом бори дигар нишон дод барои фишор ба кишварҳои мустақил аз ҳар абзори ғайримашрӯе истифода мекунад.
-
Май 09, 2019
Ҳукумати Узбакистон дар иқдоме ҷолиб, ҳазинаи Ҳаҷ барои мусалмонони ин кишварро коҳиш дод.
-
Май 09, 2019
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ асри чаҳорашнбе дар дидори ҳудуди ду ҳазор нафар аз талабаҳои саросари Эрон, фозилон, устодон ва мудирони ҳавзаҳои илмия, вазифаи ҳавзаҳо ва олимони динро баёни маорифи ислом ва талош барои амалисозии онҳо дар ҷомеъа хонданд ва таъкид карданд, олимон дар мақоми варасаи паёмбарон бояд барои амалисозии тавҳид ва иқомаи қист, муҷоҳидат кунанд .
-
Май 09, 2019
Намояндаи додситонии вилояти Суғд дар додгоҳи муҳокимаи омилҳои ошуб дар зиндони Хуҷанд, барои муттаҳамон дар ин қазия дархости 10 то 20 сол маҳкумият кардааст.
-
Май 09, 2019
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе раиси собиқи Иттиҳодияи ширкатҳои кишоварзӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон ва узви Ҳизби халқи демократи ин кишварро ба иттиҳоми фиреби шаҳрвандон ба баҳонаи эъзом барои кор ба Норвегия ба 6 сол зиндон маҳкум кард.
-
Май 09, 2019
Додгоҳе дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон 12 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикро, ки аз Русия ва Қазоқистон ба кишварашон баргашта буданд ба иттиҳоми ифротигарӣ ба 5 то 8 сол зиндон маҳкум кард.
-
Май 07, 2019
Эрон дар вокуниш ба хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бадаҳдии кишварҳои аврупоӣ дар иҷрои тааҳҳудоташон, дар нахустин гом, бахше аз фаъолиятҳои ҳастаии худро, ки дар чорчӯби БарҶом мутаваққиф шуда буд, азсар мегирад.