Ҷустуҷу
-
Feb 20, 2021
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки ҷашни Наврӯзи имсол дар ин кишвар бидуни исрофкорӣ баргузор шавад.
-
Feb 20, 2021
Муовини вазири молияи Тоҷикистон эълом кард, дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҳукумати ин кишвар барои идомаи такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун 290 миллиондоллар ихтисос хоҳад ёфт.
-
Feb 19, 2021
Ба муносибати фаро расидани бистуҳаштумин солгарди ташкили Артиши миллии Тоҷикистон, маҷмаи сиёсиву фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
-
Feb 19, 2021
Таҳлилгари масоили сиёсии Ироқ таъкид кард, нерӯҳои НАТО таҳти фармондеҳии Амрико қарор доранд ва ҳузури онон ба маънои идомаи ишғолгарии Амрико дар ин кишвар аст.
-
Feb 18, 2021
Шимоли Арабистони саъудӣ дар чанд рӯзи ахир шоҳиди бориши барфи шадид буд .
-
Feb 18, 2021
Сафҳаи тветтири форсии вазорати умури хориҷаи Амрико паёме аз Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии ин кишварро ба хати настаълиқ мунташир кард.
-
Feb 18, 2021
Орияни Таботабоӣ, муҳаққиқи эронитабор дар ҳавзаи улӯми сиёсӣ бо интишори тветте эълом кард, ки ба сохтори вазорати хориҷаи Амрико пайвастааст.
-
Feb 18, 2021
Раиси ҷумҳӯрии Афғонистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост гурӯҳи Толибонро таҳти фишор қарор диҳанд.
-
Feb 18, 2021
Мақомоти Ширкати давлатии Барқи тоҷик эълом карданд, бо Афғонистон ва Узбакистон тафоҳумномаи афзоиши содироти барқ дар фаслҳои баҳору тобистонро имзо карданд.
-
Feb 18, 2021
Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунон дар оташи ихтилофҳои марзӣ ва қавмӣ месӯзанд ва эътирозоти мардумӣ дар бархе аз ин кишварҳо ба ашколи мухталиф бурӯз мекунад.
-
Feb 18, 2021
ҳукумати Тоҷикистон соли 2020 ба далели вазъи номусоиди молии ширкати Барқи тоҷик 5 миллиард сомонӣ аз қарзи ин ширкатро бахшид.
-
Feb 18, 2021
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт: лағви таҳрим ва тавзеи одилонаи ваксина дар мубориза бо корона зарурӣ аст.
-
Feb 17, 2021
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД) дар Душанбе гуфт: “тақвияти таҷҳизотии марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дар авлавияти барномаҳои ин созмон дар соли 2021 қарор дорад”.
-
Feb 17, 2021
Гузаргоҳи марзӣ миёни шаҳрҳои Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Узбекистон дар Водии Зарафшон барои рафту омади донишҷӯён аз имрӯз 17 феврал бозгушоӣ шуд.
-
Feb 17, 2021
Фармондеҳи лашгари Фотимиюн бо ишора ба мазлӯмияти шуҳадои мудофеъи ҳарам бавижа шуҳадои Фотимиюн таъкид кард: “мудофеъони ҳарам ҳамвора аз мутолиботи дунявӣ ва моддӣ дур будаанд ва пойи дифо аз арзишҳои исломӣ истодаанд”
-
Feb 17, 2021
Раиси ширкати давлатии Барқи Тоҷик эълом кард, ки ба далели ҳарорати ҳавои болои 20 дараҷа ва об шудани яхҳо, ки вурудии об ба садди нерӯгоҳҳои барқи обиро афзоиш додааст, маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон як соат коҳиш ёфтааст.
-
Feb 17, 2021
Раиси Иттиҳоди уламои мусулмон дар Диёлаи Ироқ гуфт, ба тозагӣ маҳмулаҳои нави силоҳҳои тактирандозии пешрафтаи амрикоӣ ба дасти ДИИШ расидааст.
-
Feb 17, 2021
Бемории Ковид 19 дар 24 соати гузашта ба зиндагии 67 эронии дигар поён дод.
-
Feb 17, 2021
Нахуствазири Зеландияи Нав аз поёни ҳузури низомии ин кишвар дар Афғонистон дар моҳи майи оянда хабар дод.
-
Feb 17, 2021
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба суханони ахирашон дар бораи БарҶом ва табйини сиёсатҳои низом гуфтанд: Агар амали тарафи муқобилро бубинем, мо ҳам амал хоҳем кард ва ин бор ҷумҳурии исломӣ бо ҳарфу ваъда қонеъ нахоҳад шуд.