Ҷустуҷу
-
Jan 02, 2017
Афроди мусаллаҳ, ки либоси “Бобои Барфӣ” бар тан доштанд дар шаби соли нави мелодӣ (2017) пас аз вуруд ба яке аз бошгоҳҳои шабона дар бахши аврупоии Истамбул, шуруъ ба тирандозӣ карданд. Дар ин ҳамлаи террористӣ 39 нафар аз ҷумла як пулис дар ин иқдоми террористӣ кушта ва дастикам 46 нафар захмӣ шуданд.
-
Jan 01, 2017
Вазири корҳои дохилии Туркия аз идомаи талошҳо барои ёфтани “Бобои Барфӣ”-и қотил хабар дод.
-
Dec 28, 2016
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи сешанбе, 27 декабр гузоришҳо мунташиршударо дар мавриди тасмими Вашингтон барои муҷаҳҳаз кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар Сурия бо дӯшпартобҳо (ПЗРК)-и зиддиҳавоӣ такзиб кард. Марк Тонер дар айни ҳол бо мазҳака хондани иддаои Эрдуғон дар робита ба ҳимояти Ғарб ва Амрико аз ДИИШ ба изҳороти раисҷумҳури Туркия вокуниш нишон дод.
-
Dec 28, 2016
Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ҳамкории ин кишвар бо Эрон ва Туркия дар кумак ба тахлияи шарқи Ҳалаби Сурия, ҷони бисёреро наҷот дод.
-
Dec 26, 2016
Артиши Туркия бо интишори баёнияе эълом кард, даҳҳо танк, мошини низомӣ ва таҷҳизоти тӯпхонаии ҷадид дар Угузили ва Каркамис, ҷанубу шарқи Туркия, дар марзи Сурия мустақар кардааст.
-
Dec 25, 2016
Вазорати кишвари Туркия аз боздошти беш аз ҳазор корбари шабакаҳои иҷтимоӣ ба иттиҳоми ҳимоят аз созмонҳои террористӣ ва ё тавҳин ба мақомҳои давлати Анкара хабар дод.
-
Dec 24, 2016
Гурӯҳи террористии ДИИШ зимни таҳдиди Туркия ба бомбгузорӣ ва вайронӣ, ин кишварро сарзамини ҷиҳод эълом кард.
-
Dec 24, 2016
Сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш омодаи густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ аст.
-
Dec 21, 2016
Вазирони хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия дар баёнияе муштарак, ҳимояти се кишварро аз ҳокимияти истиқлол ва тамомияти арзии Сурия ба унвони як давлати чанднажодӣ, чандмазҳабӣ, ғайрифирқаӣ ва демократӣ эълом карданд.
-
Dec 21, 2016
Вазири умури хориҷаи Туркия рӯзи сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҷон Керрӣ, ҳамтои амрикоии худ, гурӯҳи Фатҳуллоҳ Гулен мавсум ба "ФЕТО"-ро ба даст доштан дар террори Андрей Карлов, сафири Русия дар Анкара муттаҳам кард.
-
Dec 20, 2016
Террори сафири Русия дар Туркия бо вокунишҳои бисёре аз ҷумла аз сӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мувоҷеҳ шудааст.
-
Dec 20, 2016
Тоҷикистон терори сафири Русия дар Туркияро шадидан маҳкум кард.
-
Dec 20, 2016
Дар ҳоле, ки равобити Маскав ва Анкара дар моҳҳои ахир рӯ ба беҳбуд гузошта буд, террори сафири Русия дар Анкара сархати ағлаби расонаҳои минтақа ва ҷаҳон шуд.
-
Dec 20, 2016
Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия ба зарби гулӯлаи як муҳоҷими мусаллаҳи ношинос кушта шуд.
-
Dec 17, 2016
Вазири умури дохилаи Туркия дар вокуниш ба инфиҷори дар шаҳри Кайсерӣ гуфт, мубориза бо терроризм то саркӯби гурӯҳҳои террористӣ дар кишвар идома хоҳад дошт.
-
Dec 12, 2016
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паи инфиҷорҳои террористии рӯзи якшанбе дар Истанбули Туркия ба ҳамтои турки худ Раҷаб Тайиб Эрдуғон таслият гуфт.
-
Dec 11, 2016
Шумори қурбониёни инфиҷорҳои Истамбули Туркия ба 29 нафар расид.
-
Dec 10, 2016
Туркия ба Русия, Чин ва Эрон пешниҳод кард, тиҷоратро миёни ҳам бо пулҳои миллии худ анҷом диҳанд.
-
Dec 03, 2016
Гузоришгари вижаи Созмони Милал эълом кард, пас аз табаддулоти нофарҷоми 15-уми июн дар Туркия фазои шиканҷа дар ин кишвар ба шиддаст густариш меёбад.
-
Nov 27, 2016
Вазорати умури хориҷаи Туркия ҳодисаи бархӯрди ду қатори мусофирбар дар устони Симанони Эронро ба давлат ва миллати Эрон таслият гуфт.