Ҷустуҷу
-
Май 26, 2019
Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони ироқӣ дар чанд шаҳри ин кишвар аз ҷумла Бағдод ва Басра, дар эътироз ба сиёсатҳои хасмонаи Амрико алайҳи Эрон тазоҳурот карданд.
-
Май 26, 2019
Давлати Амрико ҳамзамон бо афзоиши таниш бо Эрон дар ҳукми изтирорӣ ва бидуни ҷалби ризояти Конгресс дастури фурӯши таслиҳоти ҷадидеро ба се кишвар, Арабистон, Аморот ва Урдун содир кард.
-
Май 25, 2019
Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, новҳои амрикоии мустақар дар минтақаи халиҷи Форс қобилияти амалиётӣ надоранд ва комилан дар контроли нерӯҳои амалиётии артиш ва сипоҳ ҳастанд.
-
Май 23, 2019
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав ва муовини вазири умури хориҷаи Русия, тозатарин таҳаввулоти ғарби Осиёро баррасӣ карданд.
-
Май 23, 2019
Раиси Анҷумани дустии Эрон ва Тоҷикистон бо сафири нави Тоҷикистон дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Май 22, 2019
Ҷонишини пешини Вазорати дифои Покистон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бештар аз ҳар кишвари дигаре дар хатти муқаддами мубориза бо тарҳҳои муштараки Амрико ва режими саҳюнистӣ қарор дорад.
-
Май 22, 2019
Сафири Қазоқистон дар Эрон бар густариши ҳамкории иқтисодии Теҳрон ва Нурсултон (Остона) таъкид кард.
-
Май 22, 2019
Рангин бону бо номи илмии Venessa cardui, навъе парвонаи рангӣ аст, ки теъдоди зиёде аз онон дар ҳоли ҳозир дар шаҳрҳои мухталифи Эрон дида мешаванд. Коршиносони муҳити зист далели зиёд шудани парвонаҳоро борандагиҳои ахир эълом карданд.
-
Май 20, 2019
Сарпарасти пойгоҳи Истинодии улуми ҷаҳони Ислом гуфт, бар асоси низоми рутбабандии “Лойден” ва натоиҷи рутбабандии донишгоҳҳои бартари ҷаҳон дар соли 2019 –и мелодӣ 26 донишгоҳи Эрон дар ҷамъи 963 донишгоҳи бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.
-
Май 20, 2019
Вазири умури хориҷаи Эрон бо радди таҳдиди ахири раисҷумҳури Амрико зидди Эрон изҳор дошт, ҳамон тавр, ки Искандари Мақдунӣ, Чингизхон ва дигар муҳоҷимон натавонистанд Эронро аз байн бибаранд, Трамп низ роҳ ба ҷое нахоҳад бурд.
-
Май 20, 2019
Одил Алҷубайр вазири мушовири давлати Арабистони саудӣ дар умури хориҷӣ бомдоди якшанбе бо ҳузур дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Риёз бори дигар Эронро ба ҳимоят аз терроризм ва эҷоди бесуботӣ дар минтақа муттаҳам кард.
-
Май 19, 2019
Намояндаи Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон гуфт: Хадамоти Эрон дар ҳавзаи атбоъ ва муҳоҷирон мисолзаданӣ аст.
-
Май 18, 2019
Фармондеҳи пешини артиши Покистон ба ҳокимони режими саҳюнистӣ тавсия кард, ки ба ҳаракати ғалат алайҳи Эрон, бо кумаки амрикоиҳо фикр накунанд. Зеро эрониён тавоноии лозимро барои посухи бузург ва ғофилгирона ба Исроил доранд.
-
Май 16, 2019
Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон гуфт, акнун замони музокира нест, бавижа агар мавзӯи музокираи тавоноиҳои Эрон бошад, музокира ба ҳеҷ ваҷҳ қобили пазириш нест.
-
Май 15, 2019
Имрӯз, 25 –уми урдибиҳишт, баробар бо 15 –уми апрел Рӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, бузургтарин ҳамосасарои эронӣ ва дар Эрон рӯзи бузургдошти забони форсӣ аст.
-
Май 14, 2019
Вазири умури хориҷии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории ANA-и Ҳинд бо баёни ин ки Эрон ҳамвора аз худ дифоъ кардааст, гуфт, Амрико бидуни далел дар ҳоли афзоиши таниш бо Эрон аст.
-
Май 13, 2019
Муовини вазири умури хориҷаи Олмон сиёсатҳои раисҷумҳури Амрико алайҳи Эронро ғайриқонунӣ донист.
-
Май 12, 2019
Муовини Созмони мероси фарҳангӣ, ҳунари дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт: Эрон бо доро будани беш аз 295 риштаи фаъоли ҳунари дастӣ, севвумин кишвари тавлидкунанда аз лиҳози танаввуи ҳунари дастӣ дар ҷаҳон аст.
-
Май 12, 2019
Дар остонаи рӯзи бузургдошти шоиру ҳакими порсизабон Абулқосими Фирдавсӣ, шаҳри Машҳад дар шимоли шарқи Эрон мизбони ҳамоише байналмиллалӣ бо унвони "шоҳнома дар гузаргоҳи ҷоддаи Абрешим" аст.
-
Май 11, 2019
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба тавақуфи бархе иқдомҳои Теҳрон таъкид кард; Эрон ба андозаи кофӣ дар Барҷом хештандорӣ карда аммо Аврупо аз ин фурсат то кунун истифода накардааст.